Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи таъсиси боз як бонк дар бозори бонкии кишвар хабар дод.

Бо қарори Раёсати Бонки миллӣ, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома дода шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, раиси он Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба раиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов барои васеъ кардани шабакаи фаъолият, аз ҷумла, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва зиёд кардани хизматрасониҳои бонкӣ, бахусус, қарздиҳӣ дастур дод.

Гуфта мешавад, бинобар табдилёбии ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” ба бонк Иҷозатномаи он барои иҷрои амалиёти бонкӣ аз эътибор соқит дониста мешавад.

Аз ҷониби ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” дар робита ба табдилдиҳии он ба Бонк (ҶСК “Алиф Бонк”) расмиёти зарурӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.