Сарояндагони шинохтаи кишвар Саидқул Билолов аз роҳбарии ансамбли “Дарё” ва Давлатманд Холов аз роҳбарии ансамбли “Фалак” озод карда шуданд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ дод. “Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов, ки ансамблҳои давлатии “Дарё” ва “Фалак”-ро аз замони таъсиси онҳо роҳбарӣ мекарданд, бо сабаби ба нафақа баромадан аз мақомҳояшон барканор шуданд”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои манбаъ, оҳангсоз Фарҳод Зикиров роҳбари бадеии ансамбли “Дарё” ва сароянда Носир Сафаров роҳбари бадеии ансамбли “Фалак” таъин шуданд.
Ансамбли давлатии “Дарё” моҳи майи соли 1989 дар назди Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро аз рӯзи таъсис то имрӯз Саидқул Билолов ба уҳда дошт.
Дар ин ансамбл сарояндагон Лола Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев, Нигина Амонқулова, Бунафша Шокирова ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ансамбли “Фалак” 20-уми июли соли 1989 бо роҳбари ҳунарпешаи мардумӣ Давлатманд Холов дар назди Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар он ҳунармондон Абдураззоқ Абдуалимов, Фотима Машрабова, Шуҳрат Сайнаков, Фарзона Шодиева, Шоҳин Абдуллоев ва дигарон фаъолият доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мирные переговоры между Азербайджаном и Арменией пройдут в Казахстане
Около 400 иностранцев за полгода перестали быть гражданами РФ из-за преступлений
В США сообщили, что Украина уже получает первые вооружения из нового пакета
Эмомали Рахмон: «Мы возлагаем большие надежды на сотрудничество с Европейским банком реконструкции и развития»
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 апреля 2024 года
В Гамбурге исламисты провели митинг, где потребовали создания халифата в Германии
Генсек НАТО приехал к Зеленскому с необъявленным визитом
В Грузию – без пересадок. Между Душанбе и Тбилиси запустили прямые авиарейсы
Правительство Таджикистана рассмотрело закон о показателе для расчетов и концепцию оценки качества образования в стране
МИД Таджикистана вручил ноту протеста послу России в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста