Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки тариқи интернет чиптаҳои ҳавопаймоиро нахаранд.
Марбут ба ин қазия дар саҳифаи фейсбукии ширкати ҳавопаймоӣ чунин навишта шудааст:
“Ба диққати шаҳрвандоне, ки хатсайрҳои махсусро аз Москва ба самти Душанбе интизоранд!
Қаллобоне пайдо шуданд, ки бо истифода аз вазъияти баамаломада тариқи интернет харидории чиптаҳои ҳавопаймоиро ба хатсайрҳои мавҷуднабуда пешниҳод мекунанд. Хоҳиш менамоем, фирефта нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳед.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки мутобиқи дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз 20-уми марти соли 2020 иҷрои хатсайрҳои мунтазами байнулмилалиро аз/ба Тоҷикистон қатъ намуд. Санаҳои 20, 22 ва 24-уми март ширкати ҳавопаймоӣ 3 хатсайри махсусро аз Душанбе ба Москва ва аз Москва ба Душанбе иҷро кард.
Оид ба хатсайрҳои махсуси эҳтимолӣ ширкати ҳавопаймоӣ қаблан иттилоъ медиҳад”.
Дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе низ ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, иброз доштанд: “Бархе нафарон бо истифода аз вазъият тариқи интернет чипта мефурӯшанд. Вале то имрӯз маълум нест, ки парвозҳо кай барқарор мешаванд. Ба ҳар сурат, маълумотро пешакӣ эълон мекунем ”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Флагманы добывающей промышленности Согда запланировали нарастить производство в 2026 году
За два года в Таджикистане 328 семей были переселены из опасных районов в безопасные места
Цифры в плюс, а жизнь? Экономические итоги Таджикистана-2025
Таджикский педуниверситет вошёл в первую десятку мирового рейтинга вузов по версии HE
Масштабные тренерские перестановки в таджикском футболе: что происходит?
Таджикистан и Иран отменят визы для водителей международных перевозок
Скончалась первая женщина-генерал независимого Таджикистана Саодат Амиршоева
В Душанбе подписали соглашение по сокращению использования гидрофторуглеродов
Иран вошёл в топ-5 торговых партнёров Таджикистана
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 января 2026 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста