Ширкати Tcell портали «Музоядаи рақамҳои зебо» -ро нав кард: http://auction.tcell.tj. Акнун дар ин ҷо Шумо рақамҳои зебои бештарро бо нархи дастрас пайдо карда метавонед! Ҳар кас метавонад рақами "зебо" -и ҳама гуна категорияро ба гунаи онлайн интихоб кунад ва ширкат SIM-кортро бевосита ба хонаи Шумо меорад!

Дар портали «Музояда»-и Tcell рақамҳои зебо барои интихобу дархост пешниҳод шудаанд. Иштирок дар музояда оддӣ ва хеле осон аст: бо рақами телефон сабти ном ва қоидаҳои иштирокро қабул намудан даркор аст. Иштирок дар музояда пас аз бақайдгирӣ ройгон мебошад!
 

Барои дархости расонидани SIM-корт то хона, ба рақами 936010000 ва 926777070 (барои муштариёни вилояти Суғд) занг занед. Маркази мобилии хизматрасонии ширкати Tcell бо суроғаи нишондодашуда меояд ва мутахассисон ҳама корҳои заруриро анҷом медиҳанд:  пайваст кардани SIM-корти нав, иваз, барқарорсозӣ ва ё бақайдгирии сим-корти мавҷуда, инчунин пур кардани тавозун.   

Реҷаи кории марказҳои мобилии хизматрасонӣ тариқи дархост: аз 09:00 то 17:00, аз рӯзи душанбе то ҷумъа.   

Дар ҳоли ҳозир, хизматрасонии таҳвили SIM-корт дар Душанбе, Турсунзода, Рашт, Ваҳдат, Бохтар, Леваканд, Вахш, Кушониён, Хуросон, А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, Истаравшан ва Исфара дастрас аст. Дар ояндаи наздик ба ин феҳраст шаҳру навоҳии дигар низ шомил хоҳанд шуд.

Дар айни замон, вақте ки хатари мубталошавӣ ба вируси COVID-19 баланд аст ва ба ҳама дар хона мондан тавсия дода мешавад, хизматрасонии марказҳои хизматрасонии мобилӣ барои аксари муштариён хеле қулай аст. Ширкат хадамоти ҷадид ва сервисҳои навро пешниҳод менамояд, то ба муштариён дар истифода ва корбарии шабакаи Tcell кӯмаки бештар расонад.

___________________

 Tcell  - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.