Раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд Шараф Турсунзода барои даст доштан дар гирифтани пора ба ҳабс гирифта шуд.
Бино ба иттилои Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, барои аз масъулият озод кардани се нафар қонуншиканон ӯ аз онҳо 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.
Гуфта мешавад, аввали моҳи июн ӯ аз шахсони номбаршуда 10 ҳазор сомонӣ гирифта, талаб мекунад, ки маблағи боқимондаро низ зудтар биёранд.
“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Шараф Турсунзода баъди гирифтани маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, - омадааст дар сомонаи Агентӣ.
Нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 319 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин модда то 5 соли маҳруммият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки Шараф Турсунзода ҳамагӣ 4 моҳ пеш бо фармони президенти Тоҷикистон ба вазифаи раиси суди ноҳияи Айнӣ таъин шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





В Таджикистане повысили тарифы на питьевую воду и коммунальные услуги
ФАО поможет наладить устойчивое производство абрикосов в Таджикистане
Автодорога Душанбе–Чанак временно закрыта из-за схода лавин
Религиозные объединения Таджикистана направили на благотворительность более 11,2 млн сомони
ЕАБР сообщает о значительном росте денежных переводов в Таджикистан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 февраля 2026 года
Называть детей «двухосновными» именами в Таджикистане не запрещено
Сеть магазинов "Палитра" объявляет о щедром розыгрыше
В Душанбе задержан мужчина по подозрению в организации незаконной миграции в Великобританию
В Душанбе стартовал международный семинар по исламским финансам с участием турецких экспертов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста