Ин масъала имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии COVID-19 таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода баррасӣ мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати кишвар хабар дод, сохторҳои дахлдори кишвар пешниҳод кардаанд, ки дар робита ба вазъияти вобаста ба коронавирус дар рӯзи Иди Қурбон, 31 июл оростани дастархони идона ва идгардаки кӯдакон манъ карда шавад.
Тибқи анъанаи маъмулӣ дар идҳои мусулмонии Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон кӯдакон аз субҳ ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрики ид омада, аз соҳибхонаҳо туҳфа мегиранд.
Ба гуфтаи манбаъ, пешниҳоди манъкунии дастархонороиву идгардак бешубҳа дастгирӣ хоҳанд ёфт, ки ба пешгирии паҳншавии беморияҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус равона шудааст.
Ёдрас мекунем, ки идораҳои динии Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 вақти Иди Рамазон мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карданд.
Он замон Шӯрои уламо изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд.
Моҳи августи соли 2017 ба қонун дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуд. Ин тағйирот мусалмононро ба оростонаи дастархони идонаи хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар айёми ид уҳдадор мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.