Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар дувумин ҷашнвораи театрии Voices 2020 (Садо 2020) дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА ширкат мекунад. Ин бори нахуст, ки як театри Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои Амрико роҳ пайдо мекунад ва дар баробари театрҳои кишварҳое чун ИМА, Русия, Испания, Ҷопон, Эстония, Фаронса ва ғайра рақобат мекунад.
Дар ин ҷашнвора, ки аз 15 то 25 октябр бо шеваи нашри онлайнӣ мегузарад, театри тоҷик бори аввал ширкат мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Суҳроб Ҷанҷолов, муовини раиси театри ҷавонон хабар дод.
“Ба мо барои ширкат дар ин ҷашнвора даъватнома фиристоданд ва дархост карданд, ки яке аз намоишномаҳои беҳтаринамонро бифристем. Мо якчанд намоишномаро фиристодем ва онҳо “Дирафши Коваёнӣ”-ро, ки бар пояи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз сӯйи коргардони варзида Нозим Меликов рӯйи саҳна оварда шудааст, интихоб карданд”,-гуфт Ҷанҷолов.
Ҷанҷолов гуфт, агар ҳамагирии коронавирус намебуд, онҳо имкон доштан ба таври зинда дар баробари тамошобинони ИМА рӯйи саҳна биоянд, вале ба далели коронавирус ҷашнвора ба таври онлайн мегузарад: “Намоишномаро бо инглисӣ тарҷума карда фиристодем. Дар ин ҷашнвора ҳамчунин тетарҳое аз ИМА, Русия, Испания, Чех, Эстония, Фаронса, Африқо, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Исроил, Узбекистон ва ғайраҳо ширкат мекунанд”,- гуфт муовини раиси театр.
Нашри онлайнии намоишномаи Театри ҷавонон 25 октябр соати 12 ба вақти Амрико, ки муродиф ба соати 21.00 Тоҷикистон аст, сурат мегирад.
Бори нахуст намоишномаи “Дирафши коваёнӣ” дар Тоҷикистон соли 2017 дар Театри давлатии ҷавонон намоиш дода шудааст.
Ин намоишнома ҳамчунин барандаи Шоҳҷоизаи ҷашнвораи театрҳои касбии “Парасту” дар Тоҷикистон ва Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ дар соли 2019 дар Қазоқистон гардида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Когда картины говорят. Как Далер Михтоджов продвигает искусство Таджикистана
Три матча до путевки на чемпионат мира по футболу. Что ждет Таджикистан на Кубке Азии U-17?
Уроженца Таджикистана задержали в Челябинске за дачу взятки работнику миграционной службы
На строительство Рогунской ГЭС в 2026 году запланировали направить свыше $1 млрд
Как понять, что у банка проблемы?
Адылбек Касымалиев: «Кыргызстан готов выступить в качестве «торговых ворот» для таджикских товаров к рынкам ЕАЭС и Евросоюза»
Эмомали Рахмон обсудил с главой АБИИ сотрудничество в сфере строительства и модернизации ГЭС в Таджикистане
«Зато у детей галстук». Как в Таджикистане отреагировали на научный рейтинг SCImago
50% сейчас и 50% - потом: Hyundai Таджикистан запускает уникальную акцию на автомобили
Скончался Сулаймон Бобокалонов – человек, посвятивший жизнь таджикскому футболу
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста