Зани 30-сола кормандони ШВКД дар ноҳияи Данғараро фиреб намудааст, ки шахси ниқобпӯш ӯро бо корд захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Вале ВКД иттилоъ медиҳад, ки ин зан баъди муноқиша бо модараш бо мақсади худкушӣ бо корди ошхона 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, дар беморхона бистарӣ мегардад. Ва номбурда танҳо барои пинҳон кардани кирдори содиркардааш ба кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи бардурӯғ пешниҳод намудааст, ки зарари ҷисмонии гирифтааш аз тарафи шахси номаълуми ниқобпӯш содир гардидааст.
Гуфта мешавад, дар аризаи номбурда гуфта шудааст, ки шаби 30-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ шудан бо воситаи корд 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:00, зани номбурда бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.
Зимнан зикр мегарад, ки далели шайъӣ - 1 адад корди ошхонагӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Токаев назначил дату проведения референдума по новой Конституции Казахстана
В 2025 году Таджикистан привлек $7 млрд иностранных инвестиций
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 февраля 2026 года
В Таджикистане более 13,7 тысячи должников по алиментам. Им закрыт выезд из страны
Таджикским спортсменам — победителям международных соревнований — вручат премии президента
Таджикистан по темпам роста промышленности в 2025 году занял первое место в СНГ
Шерали Кабир: «Искусственный интеллект — как резвый конь: не нужно бояться, а нужно оседлать его»
Спустя 10 лет деньги вкладчикам обанкротившихся банков в Таджикистане так и не вернули
Отставка главы ГКНБ Кыргызстана Камчыбека Ташиева: революция или кризис власти?
На его стихах выросло несколько поколений. Али Бободжону посвящается
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста