Се нафар тоҷикистониён ғайриқонунӣ марзи Литваро аз самти Беларус убур намуда, сипас баъди боздошт аз ҳукумати Литва мақоми паноҳандагӣ дархост намуданд, хабар медиҳад Хадамоти посбонии сарҳади давлатӣ (VSAT)-и Ҷумҳурии Литва.
Гуфта мешавад, сарҳадбонони Литва мушоҳида кардаанд, ки чӣ тавр дар мавзеи ҷангали як деҳа се нафар марзро ғайриқонунӣ гузашта, ба дохили кишвар равона шудаанд.
“Онҳоро дар деҳаи Даугидоняйи ноҳияи Шалчининкайск боздошт намуданд. Мард ва ду наврас каме бо забони русӣ гап мезаданд. Онҳо худро шаҳрвандони Тоҷикистон, падару писарон муаррифӣ карданд. Онҳо нусхаи шиносномаи кишвари худро доранд”, - қайд мешавад дар сомона.
Тибқи маълумоти Хадамоти мазкур, пас аз боздошт “хориҷиён мақоми гуреза доданро хоҳиш карданд”.
Сарҳадбонон онҳоро ба постгоҳи назоратии «Шальчининкай» овардааанд, ки дар он ҳуҷраҳои махсус барои дархосткунандагони мақоми гуреза вуҷуд дорад.
Зикр мегардад, ки афсарони шуъбаи муҳоҷирати Хадамоти марзбонӣ VSAT-и Варена ба анҷоми расмиёти аввалия оид ба пешниҳди мақоми паноҳандагӣ оғоз кардаанд. Дар ин бора Департаменти муҳоҷират хабар медиҳад, ки ба баррасии аризаҳо дар бораи додани мақоми паноҳандагӣ машғул аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Почему таджикский мёд не экспортируется в Европу?
В Душанбе женщина оформляла кредиты по поддельным справкам с печатью частной гимназии
Эмомали Рахмон подписал указ об увеличении зарплат, пенсий и стипендий
В Таджикистане ввели уголовное наказание за публикацию фото и видео незаконной охоты
Новые возможности для бизнеса. В Таджикистане провели реформу системы лицензирования
Иран закрыл небо в ожидании ударов США
США приостановят оформление иммиграционных виз для граждан 75 стран. Есть ли среди них Таджикистан?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 января 2026 года
Грязный воздух в Таджикистане: Как помочь своим легким?
Toj Loto - новый формат лотереи в цифровой среде
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста