ҶДММ “Эком” воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ки муассисаш як шаҳрванди Швейтсария бо номи Фернанд Алберт Пиллонели гуфта мешавад, 1 миллиону 557 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор аст.
Ин ширкат ҳанӯз 2-юми марти соли 2009 дар нозироти андоз сабти ном шуда, ба фаъолияти миёнҷигарӣ ва хариду фурӯшу коркарди нахи пахта сару кор доштааст.
Ширкати мазкур ҳамчунин дар руйхати андозсупорандагони бемасъулият, ки дар сомонаи Кумитаи андоз нашр гардидааст, ворид карда шудааст.
Сардори нозироти андози ноҳияи Ёвон Баҳодур Ализода гуфт, ки ширкати мазкур ба коркарди нахи пахта машғул будааст ва тайи 2-3 соли охир аз фаъолият бозмондааст.
“Мо барои рӯёнидани қарзи андоз чораҳои маҷбури ситонидани қарзро андешидаем. Аз ҷумла, суратҳисоби ширкатро бастаем, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст. Ҳамчунин вобаста ба пайдо кардану маҷбуран рӯёнидани қарз нисбати роҳбари ширкат мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муроҷиат кардем. Мутаассифона, соҳибмулки ин ширкат аз кишвар берун рафтааст ва ӯро пайдо накарданд”, - мегӯяд Баҳодур Ализода.
Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон беш аз 130 ширкат, ки муассисонашон ширкатҳову шаҳрвандони хориҷианд, таъсис дода шудааст. Аз ин ширкатҳо, муассиси ду ширкат дар Ҷазираҳои Вирҷини Бритониёи Кабир қарор доштааст, ки яке аз ин ширкатҳо ҶДММ “Корхонаи хиштбарорӣ” дар ноҳияи Данғара ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Худжаста: «Лучшее решение — идти своим путём»
Трагедия, вскрывающая раны: как смерть Кобилджона Алиева разделила общество
Температура в батареях отопления: как проверить, достаточно ли они горячие?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 28 декабря 2025 года
В Таджикистане из тюрьмы вышел бывший лидер Демпартии Махмадрузи Искандаров
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
США пообещали Украине гарантии безопасности на 15 лет. Но это еще не точно: «Трамп непредсказуем»
Махмурод Ашуров — первый таджик, который покорил пик Исмоила Сомони
Зимняя сказка Китая: топ курортов для любителей активного отдыха
Учителям в школах России разослали методичку по нейтрализации детской агрессии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста