Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020 нагузоштааст, ки волидону наздикон, 604 номи ба гуфтаи ин ниҳод ғайримеъёрӣ ба фарзандони навтаваллудшуда гузошта шаванд. Ин нуктаро ҳамин ҳоло Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарии кумита, ки феълан ҷараён дорад, ба хабарнигорон гуфт.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон, дар соли гузашта 1313 муроҷиат барои номгузорӣ ба ин ниҳод шудааст, ки онҳо ба 604 пешниҳод посухи рад дода, ба 581 хулосаи тавсиявӣ ва ба 32 нафар тарзи дурусти навишти ному насаб ва номи падариро гуфтаанд. Гуфта мешавад, аз ин 1313 муроҷиат 90 муроҷиат аз сӯйи намояндаи аққалиятҳои миллӣ будааст.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода мегӯяд, соли 2020 онҳо 884 номи ғайримеъёрии маҳаллаҳои мардумнишинро баррасӣ кардаву барои тағйири номҳои ин маҳаллаҳо бо омода кардани санадҳои лозими меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мекунанд.
Соли гузашта, ҳамчунин ин ниҳод ба номгузории 1278 ҷойноми маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ ва 11 номгӯйи мансуб ба конҳои шимоли Тоҷикистон хулосаи ниҳоӣ додааст, ки аз ин 1279 ном пуштибонӣ шуда, ҳамагӣ 11 ном рад шудааст.




Варзобская ГЭС – первая промышленная электростанция Таджикистана
Что год 2026-й нам готовит: каким будет новый сезон в спорте
Рекордный снегопад в Москве: такого не было полвека
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
«Дюна», «Нарния» и «Голодные игры: Рассвет жатвы»: Самые ожидаемые фильмы 2026 года
В Таджикистане открылось трансферное окно: первые потери лидеров
Кого критиковал Эмомали Рахмон в 2025 году?
Трамп объявил о планах проведения сухопутной операции США против наркокартелей Мексики
Азербайджан экстрадировал на родину задержанного гражданина Таджикистана
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Свет опять подорожает, новые барьеры для въезда в США и история одного спасения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста