Касоне, ки ҳуввияти фарҳангияшон бо нафю ситез рӯ ба рӯ шуда бошад ё ҳар гоҳ ба иҷбор аз Ватан ва зодгоҳашон кӯчонда шуда бошанд, бузургтарин дағдағашон боз ёфтани ин ҳуввият аст. Ҳуввияте, ки инсон дар он вуҷуди худро маъно мебахшад ва дар фуқдони он халои азим ва ҷуброннопазирии рӯҳ ва равони ҷамъиашро пайваста муаззаб (азобу шиканҷашуда) медорад. Шеъри тоҷик бар ин поя, шеъри сиёсист ва машҳун (лабрез) аз дағдағаҳои миллӣ-таърихӣ.
Шоири тоҷик он гоҳе, ки аз дардҳои таърихияш мегӯяд, забонро бемуҳобо ба кор мебарад ва бими он надорад, ки ин шеър аз бори ҳунарӣ ва он чи ки ба он баҳои ҳунарӣ мебахшад, дар бисёр маворид тиҳӣ мешавад. Шеъри тоҷик, шеъри ҳиссӣ аст, шеъре, ки табиату Ватан, Ватани фарҳангӣ-таърихӣ, бо носталжӣ ва пархошу шукӯҳ меомезад ва пайкараи шеъри тоҷикро месозад.
Шоири тоҷик ҳамеша душмани кинаҷӯ ва ҳасудро пушти дарвозаҳои фарҳангиаш ҳис мекунад. Ӯ ин ҳисро аз таърихи пурмухотирааш ба ирс бурдааст. Натиҷатан шеъри ӯ шайпурест, ки ҳамеша барои бедорбош ва ҳӯшдор дамида мешавад. Шеъри тоҷик набардафзоре аст ҳамеша барафрошта ва шамшере аст бениём.
Ҳафтод соли султаи фарҳанги бегона бар Тоҷикистон, ки дар он солҳо ҷонҳои бедор дар пеши чашмашон завол ва фаромӯшии фарҳанги азими хешро шоҳид буданд, чунон дарде дар ҷони шоири тоҷик дамидааст, ки поёне бар он мутасаввир нест; Шоири тоҷик дар ин солҳо фарҳангашро, ки қофиласолороне чун Фирдавсӣ ва Мавлонову Саъдӣ дорад, бо бемеҳрӣ рӯ ба рӯ мебинад, Ватани ягонааш табартақсим мешавад, забони гаронбораш аз расмият меафтад ва ӯ ҳеҷ коре аз пеш бурда наметавонад.

Бо ҳамаи инҳо, шеъри тоҷик дорои зебоиҳое аст, ки барои мухотаби форсизабон фарҳат ва ҳаловати хосе дорад.
Шеъри Тоҷикистон бар хилофи шеъри Эрону Афғонистон шеъри мазмун аст, яъне шоирон дар ҳар шеъре мазмунеро мепардозанд ба ҷои пардохтан ба лаҳзаҳои гузаро ва буришҳои кӯтоҳ ва илҳомҳои гузаро. Ҳарчанд дар шеъри Эрон гунаҳои ин шеваро аз Нимо то авохир мебинем ва дар шеъри Афғонистон дар кори шоироне чун устод Восифи Бохтарӣ, Латифи Нозимӣ, Партави Нодирӣ ва Сиёҳсанг мебинем вале дар ин миён бештар Ахавон манзумасаро ва қиссапардоз аст, вале шеъри Тоҷикистон на ба табаият аз шеъри Нимо ва Ахавон балки ба табаият аз манзумаҳои русӣ ва шеъри шоироне чун Пушкин, Лермунтов, Сергей Есенин, Маякуфский, Ахмотово ва Монделштом мазмунмеҳвар шудаанд, чун шоирони тоҷик аз тариқи забони русӣ, ки ҳама бар он мусаллат будаанд бо шеъри рус пайванди ургоник доштаанд.
Ба ҳамин далел чи Мӯъмин Қаноату Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ манзумаҳое ба сабки “Саворкори мафрағӣ”- Пушкин, нома ба модари Сергей Есенин, “ Абри шалворпӯш”- и Маякйфский, ва... пардохтаанд.
Лоиқ Шералӣ дар канори Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир аз бунёнгузорони шеъри нави Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Шеъри Лоиқ ҳам шеърест мӯҳтавогаро монанди шеъри Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир шеъре, ки лабрез аст аз ишқ ба Тоҷикистон ва дардҳои таърихии мардумаш.
Ту саросар кӯҳсорӣ
Ту саросар сангзорӣ
Чун ки фарзандони ту дар тули таърихи дароз,
Ҳар куҷо рафтанд муште хок бо худ бурдаанд.
Чун ки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ё шеъри баччагии ӯ, ки ёдовари танҳоии ӯ дар даврони кудакии ӯ аст вале боз ҳам айниятгароии соири шоирони он диёр дар кораш ба вузӯҳ дида мешавад.
Баччагиам бе касу танҳо гузашт,
Бо дарав бо хӯшачиниҳо гузашт.
Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.
Ханда мекардам ба сӯи шаршара,
Ханда меомад зи ҳар санги дара.
Баччагиам ханда бар лаб лаб- лаби дарё гузашт.

Вале бо ҳамаи инҳо шеъри Лоиқ гоҳе бар хилофи ҷараёни шеъри Тоҷикистон, ки дар кулият даргири масоиле дар миқёси миллӣ аст, холӣ аз дағдағаҳои фардӣ ва андешаҳои фалсафӣ нест. Лоиқ гоҳе ба масоиле чун ишқ дар маънои моддӣ ва рӯзмарраи он, зиндагӣ ва равобити инсонҳо ва маргу зиндагӣ мепардозад. Дар шеъри зер дар раванди рӯ ба пеши ҳаёт омили зойиши дубора ва ангезаи пӯёӣ ва таҳаррук медонад.
Месароям маргро
Мурдаҳоро аз сари раҳ мерабояд,
То ки насли тоза ояд, пешпо нохӯрда бар он мурдаҳо,
Ҷониби оянда осон бигзарад.
Дар шеъри Тоҷикистон як силсила мавзуъҳои ғолиб вуҷуд дорад; яъне чизҳое, ки дар миёни шеъри тамоми шоирон ба вуфур такрор мегардад, дар канори баёни ранҷи меҳани қитъа- қитъа ва таърихи аз ёд рафта, ба хусус дар замони истилои русҳо.
Масъалаи ишқ ба модар низ аз мазмунҳои меҳварии шеъри Тоҷикистон аст. Мақоми модар дар назди тоҷикон бисёр гиромӣ аст. Дар айни замон миёни модари биулужик ва модар- Ватан тафовути чандоне нест. Тоҷикон сарзаминашонро ҳамон модар ва модарро ҳамон Тоҷикистон мепиндоранд ва миёни ин ду тафовуте нест.
Вале шеъри “Дар сари гур”- и Лоиқ бидуни шак яке аз беҳтарин шеърҳои баланди ӯ дар миёни корҳояш мебошад. Чи ба лиҳози саршорӣ аз бори отифӣ ва чи ба лиҳози пардохти забонӣ дар шеъри ӯ як ҳодиса ба ҳисоб меояд.
Ҷашни фарзандони худ нодида рафтӣ, модарам,
Донаи барчошро ночида рафтӣ, модарам.
Пеш-пеши наварӯсу дастаи машъал бадаст,
Шодмон, пирона норақсида рафтӣ, модарам.

Атласи рангинкамон пироҳанат ёд оварад
Тундар аз фарёдату аз шеванат ёд оварад.
Занги мактаб ҳар саҳар чун занги субҳи баччагӣ,
Аз маро то пеши мактаб бурданат ёд оварад.
Лоиқ дар ғазал ҳам дасти баланде дорад, тавре ки шоирони ҳамасраш дар қобҳои клоссик камтар ба паймонаи ӯ табъ озмуда ва дар ин роҳ муваффақ будаанд. Ӯ ғазал, дубайтӣ, рубоӣ ва чорпора суруда аст ва бидуни шак дар миёни корҳояш намунаҳои дурахшоне ба чашм мехӯрад, ки дар шеъри Тоҷикистон ва бахусус дар ин қолабҳо камназиранд.
Мо солхӯрда ҳастем ё сол хӯрда моро?
Мо умр бурда бар сар ё умр бурда моро?
***
Чунонат ёд меорам, ки раҳ гумкарда манзилро,
Чунонат дӯст медорам, ки дарёбурда соҳилро.
***
Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,
Миёни хонаи бе кудакам гаҳвора мегиряд.
Вале беш аз ҳама қолабҳо, Лоиқ дар рубоӣ ва дубайтӣ қобилиятҳояшро нишон додааст. Рубоиҳои ӯ ба лиҳози муҳтаво аз дунёгароиҳо ва муғтанам шумурдани лаҳазоти шод гирифта то масоили ошиқонаи рӯзмарраро дар бар мегирианд. Ҳамчунон ки ишқ ба модар, дарди меҳани порча- порча ва хаёли ваҳдати дубораи фарҳангиро низ дар ин қолабҳои кӯтоҳ ба сурати боиста парварда аст.
Ҳамон гуна, ки гуфтам ҳам ба лиҳози камийят ва ҳам кайфият дар дубайтӣ ва рубоӣ, шоири дигареро аз ҳамасрони ӯ наметавон баробари ӯ ниҳод. Шумори зиёди ин дубайтиҳо ва рубоиҳо дар миёни тоҷикон сина ба сина мегарданд ва дар маҳофили шодӣ дар қолаби мусиқӣ хонда мешаванд.

Гарде ҳама аз гардиши гардун хӯрдем,
Дар ишқ ғами Лайливу Маҷнун хӯрдем.
Аз синаи модарон ҳама шири сафед,
Аз синаи таърих ҳама хун хӯрдем.
Таркиби истиъории синаи таърих, ки таърих дар ин таркиб бо хун хӯрдан айният меёбад ва ҷондор ангошта мешавад ба вижа замоне, ки бо шири сафед хӯрдан аз шири модарон, ки намоди ишқ ба модар дар баробари модари дигар, ки таърих аст ва дағалбоз аст, шеър ба авҷ мерасад.
Ё ташбеҳи сода ва қудратманд дар ин рубоӣ:
Эй кӯҳи баландқомати кишвари ман,
Дилзиндаву сарсафед чун модари ман.
Ман мегузарам ту ҷовидон хоҳӣ монд,
Ояд ба сарат чи рӯз баъд аз сари ман.
Ё дубайтиҳои зер, ки шумори ин гуна дубайтиҳо дар корҳои Лоиқ қам нестанд.
Дили худро ҳимоят кун, ки вақт аст,
Зи пешонӣ шикоят кун, ки вақт аст.
Туро ман дар дили худ куштам, эй ёр,
Биё худро зиёрат кун, ки вақт аст.
***
Навои ишқи мо ноҷӯр монад,
Чароғи бахти мо бенур монад.
Надонистем қадри якдигарро,
Ду дасти мо буруни гӯр монад.
***
Пас аз дунё давидему давидем,
Ғами дунё кашидему кашидем.
Ба поёни раҳи сарманзили умр,
Ба гӯристон расидему расидем.

Чизеро ки бояд дар охир ишора кард ин аст, ки шеъри Тоҷикистон аз нигоҳи форсизабонони Эрону Афғонистон ба лиҳози корбурди забон заъиф менамояд, ки алҳақ қазоватест дар басо маворид ба ҷой, вале мушкили бештар аз он ҷо ношӣ мешавад, ки мо бо сохтори наҳвӣ ва ҷумлабандии гӯйиши тоҷикон, ки ношӣ аз гусастҳои ҷабри ҷуғрофиёианд, камтар ошноем.
Ба хусус ин мушкил замоне бештар мегардад, ки тоҷикон ҳар гуна фосиларо миёни забони гуфтор ва забони адабишон дар наслҳои пешин бардоштаанд, ки дар сурати ошноии мо, бисёре аз ин заъфҳои овоӣ ва наҳвӣ дар назари мо дар он сурат костӣ намеомаданд ва баръакс миқдори лаззатеро, ки аз ин шеърҳо мебурдем дучандон мебуд.
Ба ҳар рӯй чизе ки мусаллам аст ин аст, ки забони шеъри наслҳои дуввум ва саввум бо баҳрагирӣ аз имкони иртибототи тозае, ки бо манобеъ форсӣ ва соири форсизабонон фароҳам омадааст, худашро ба забони меъёрии форсӣ наздик кардааст, вале ҳаловатҳои хосе, ки корбурди ҷасуронаи забон, ки бо мояҳои ғании бумӣ дар наслҳои пешин омехта буд, дар забони насли нави шоир камтар ба чашм мехӯрад, ки ин ҳам як зоеъа метавонад ба ҳисоб ояд.
Баргардон аз форсӣ: Иршод Сулаймонӣ
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2026 года
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
Сталинабадская «табачка» занимала первое место в СССР по вкусовым качествам сигарет. Рассказываем ее историю
Снегопады, визовые ограничения США и трагедии: чем запомнился январь в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 февраля 2026 года
Наргис Касымова — о том, как сказать «нет», услышать себя и быть счастливой
Мижгона Самадова победила российскую боксершу. А борец сборной Таджикистана Рассадин стал вторым на турнире в Красноярске
JinkoSolar презентовала в Душанбе инновации в солнечной энергетике
76 таджикских экспортных компаний зарегистрировались в системе Евросоюза
Глава Минэнерго Таджикистана пообещал увеличить подачу электроэнергии населению в Рамазан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста