Раҷабмад Амиров вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон, имрӯз дар синни 67-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Хабари даргузашти Раҷабмад Амировро дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъйид карданд.

Маросими видоъ бо Раҷабмад Амиров дар манзили эшон, дар маҳаллаи мавсум ба "Совети 1", дар наздикиҳои бозори Султони Кабир то соати 12.30 баргузор мешавад.

Намози ҷанозаи эшон баъди намози пешин дар масҷиди Сари Осиё хонда мешавад ва марҳум дар қабристони Сари Осиё ба хок супурда мешавад.

Раҷабмад Амиров соли 1954 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шуддааст. Ӯ  номзади илмҳои педагогика ва профессор, Арбоби Ҳунари Тоҷикистон ва узви вобастаи Академияи байнулмилалии иттилоот буд.

Раҷабмад Амиров солҳои 2004—2007 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 1974 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан ба унвони омӯзгори кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии Донишгоҳи ҳунарҳои зебо, аспиранти  Донишкадаи давлатии фарҳанги ба номи Крупскаяи Ленинград, декани факултети корҳои маданӣ-маърифатии Донишкадаи ҳунарҳои зебо, ноиби ректор дар умури корҳои илмӣ ва ректори ин донишкада кор кардааст.  

Солҳои 2001—2004 муовини аввали Вазири фарҳанг буд, ки баъдан то соли 2007 ин вазоратро раҳбарӣ кард. Баъди вазирӣ Раҷабмад Амиров ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон буд.

Раҷабмад Амиров муаллифи бештар аз 100 асару мақолаҳои илмӣ дар бахши фарҳанг буд ва ҳамчунин соли 2005 ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II-ро соҳиб шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.