Алишер Бобоев, як ронандаи хатсайри автобуси №47, ки навори дағалгуфторӣ ва ҳамлааш ба як мусофир субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, аз кор озод карда шуд. Дар ин бора "Душанбенақлиётхадамотрасон" хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, мақомоти дахлдор амалкарди Бобоевро дар ҳузури ҳамкоронаш баррасӣ карда, ӯро дар асоси моддаи 42, қисми 17-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, аз кор озод кардаанд.

Акс аз саҳифаи фейсбуки "Душанбенақлиётхадамотрасон"

Гуфтан ба маврид аст, ки Алишер Бобоев ҳангоми рондани автобус дар хатсайри №47 суръати ҳаракатро баланд карда, якбора онро нигоҳ медорад, ки дар натиҷа, чанд нафар мусофир аз по меафтанд. Яке аз мусофирон аз ӯ хоҳиш мекунад, ки суръати автобусро паст кунад, аммо ронанда дағалгуфторӣ карда, ба ӯ ҳамла менамояд.

Дар шарҳи навори мазкур, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти марбута талаб карданд, ки ин қабил ронандагонро ба ҷавобгарӣ кашида, аз кор озод намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.