Дар Тоҷикистон ҳамасола 7-уми ноябр “Рӯзи театри тоҷик” таҷлил мегардад. Маҳз дар ин рӯзи соли 1929 дар пойтахти Тоҷикистон аввалин театри касбии тоҷик - театри ба номи А. Лоҳутии имрӯза таъсис ёфт. Имрӯз дар кишвар даҳҳо театри касбиву халқӣ фаъолият мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо муваффақанд. Воқеият ин аст, ки театр дар Тоҷикистон имрӯз ба мушкилиҳои зиёд гирифтор шудаву даҳсолаҳост, ки наметавонад аз он раҳо гардад. Як назар ба даромадгоҳи театрҳо кифоа аст, то дар хусуси таваҷҷуҳи тамошобинон ба он қазоқат кунед. Баъзан дар нахустнамоишҳо низ толор пур намешавад.
“Азия-Плюс” аз коргардонҳо ва ҳунармандони номвари тоҷик оид ба мушкилоти имрӯзаи театрҳои кишвар ва роҳи ҳалли он пурсид.
Бетаваҷҷуҳӣ ба театри тоҷик
Мушкили аслие, ки аҳли ҳунари тоҷик аз он нигаронии амиқ доранд, ин бетаваҷҷӯҳии давлату ҳукумат ва ҷомеа ба театр аст. Онҳо нигаронӣ мекунанд, ки давлат ба театр “чун фарзанди ӯгай муносибат менамоянд”.
Нозим Меликов, коргардони варзидаи тоҷик, дар ин робита гуфт, имрӯз мақомоти кишвар таваҷҷӯҳи лозимаро барои пешрафти ҳунари театрӣ равона накардаанд ва ин боиси дилсардии ҳунармандон низ гаштааст.
Ин коргардон ошкор иқрор мешавад, ки сабаби бетаваҷҷӯҳии мақомот ба театрро дарк намекунад ва наметавонад дар ин маврид посухе пайдо кунад.
Камбуди маблағ
Ба андешаи Нозим Меликов мушкили дигар набудани маблағ ва маблағгузор ба театр ва санъату фарҳанг аст, ки дар натиҷа “аҳли ҳунарро дастнигар кардааст”.
“Аз сабаби он, ки театр тамошобини кам дорад, даромади кам дорад ва ҳеч кадом намоишномае, ки дар чандсолаи ахир ба рӯи саҳна омадааст, хароҷоташро напӯшонидааст. Имрӯз аҳли ҳунар дастнигари ҳукумат шудаанд, вале ин маблағ кифоя нест”, - нигаронӣ кард ӯ.
Ҳамин тавр, ба таъкиди Меликов, кам нафароне пайдо мешаванд, ки ба ҳунар маблағ сарф кунанд. Ӯ мегӯяд, ҳамватанони мо дар ин самт маблағгузорӣ намекунад, аммо ҳунар арзиши хеле баланд бояд дошта бошад, эҷодкор ба пул эҳтиёҷ надошта бошад ва танҳо перомуни эҷодаш андеша кунад.
Ғайрат Қодиров, директори театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом низ камбудии маблағро аз мушкилоти асосии театрҳои кишвар мегӯяд ва роҳи ҳаллӣ онро низ зикр мекунад.
"Мо тавонистем, ки донорҳои хориҷиро ба театр ҷалб созем, дар ин баробар, маблағро гирифта, хомӯш наменишинем, бо коргардонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунем, менеҷмент меёбем, продюсер мегирем, либос ва ороишоти саҳнаро аз хориҷ фармоиш медиҳем. Аммо дигар театрҳо чунин мушкилот зиёд доранд", - афзуд Қодиров.
Сензура ва таъсири он
Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик, ки дар сатҳи театрҳои минтақа ва ҷаҳон намоиш омода мекунад, ба ин бовар аст, ки “дар кишвар сензура ҳаст ва озодии эҷодӣ дар сатҳи лозима фароҳам оварда нашудааст”.
Ба гуфтаи ӯ, “дар зарфи 15 соли охир набудани озодӣ ба фарҳанги миллӣ, аз он ҷумла ба театр, таъсир расонид ва ин соҳаро нобуд кард. Ва он чи имрӯз бархеҳо театр мешуморанд, ба театр наздикӣ надорад”.
“Тақрибан 15 сол пеш, чизеро наҷот додан мумкин буд, аммо ҳоло, афсӯс... Вақте ки дар бораи ин офат фарёд задем, ба мо ҷавоб доданд, ки “ақлакӣ накун”. Бифаҳмед, касе, ки ҳоло ба ин вазъият бо назари некбинона менигарад, ё нодон аст ё мунофиқ. Вақте ки табиб дар бораи ҳолати бемор хулосаи қалбакӣ мебарорад, хеле бад аст”, - гуфт Барзу Абдураззоқов.
Ҳамин тавр, ӯ дар робита ба роҳҳали ин иддаояш афзуд, “ҳоло ягона чизе, ки метавон анҷом дод, ин аст, ки ҳама чизро аз сифр оғоз кунем ва имкон диҳем, ки талошҳои пешрафт анҷом дода шавад. Кӣ медонад, имкон дорад, театр дигарбора зинда шавад”.
Театр аз замона дур мондааст
Хуршед Мустафоев, ҳунарпешаи шинохта ва саркоргардони Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский, мегӯяд, то ҳол театри тоҷик зинда ҳаст ва сари пои худ истодааст, аммо чӣ гуна ҳузури худро нишон медиҳад ва чӣ андоза ҳамқадами замон аст, мушкили дигар аст.
Ӯ гуфт, театри В.Маяковский ҳоло иҷоранишин аст, бинои худро надорад, вале ҳунармандонаш кор мекунанд, дар ин ҳол, дигар театрҳо тамошобин надоранд, сатҳи намоишномаҳояшон паст аст, маблағашон намерасад, ҳамқадами замона шуда наметавонанд, гуноҳи худашон аст.
“Агар кадом як театре пул надорам гуфта, намоиши ду пулро арзиш надошта омода кунад, айб аст. Дигар бояд мо сари намоишномаҳои сатҳи фестивалҳои байналмилалӣ андеша намоем ва бояд ҳамроҳи замона қадам занем”, - таъкид кард Хуршед Мустафоев.
Адами драматургияи миллӣ
Сӯҳроб Шехов, саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, мегӯяд, дар сатҳи байналмилалӣ драммаҳои миллӣ хуб қабул мешаванд, аммо мо драмманависи миллӣ надорем.
Ӯ, ки дар сесолаи ахир дар 7 фестивал ва 2 форуми байналмилалӣ ширкат варзидааст, мегӯяд, набзи ҷаҳон дигар гаштааст, аммо театри мо намоишномаҳое, ки муаррифгари фарҳанги миллӣ бошад, хеле кам дорад.
"Драмманависони мо набзи фестивалҳои байналмиллалиро ҳис карда натавониста истодаанд", - мегӯяд Шехов.
Нуре дар торикӣ?
Ин ҳама мушкиле, ки зикр гардид, агар бевосита ба театр дахл дошта бошад, мушкили дигаре, ки хаторзотар аз дигар мушкилоти зикргардида аст, ин ҳам дурии ҷомеа аз фарҳанг аст. Ба назар мерасад, ки ҷомеаи тоҷик рӯз аз рӯз аз театр, ки макони фарҳанг аст, дур мешавад ва ҳеҷ таваҷҷуҳе ба он надорад.
Ин нуктаро Сӯҳроб Шехов низ зикр карда мегӯяд, чанд намоиши онҳо, ки дар 50 кишвари ҷаҳон дар сатҳи олӣ пазироӣ шуд ва соҳиби ҷоизаҳои байналмиллалӣ гардид, дар дохили ватан бинанда надошт.
Нозим Меликов низ ин андешаро тақвият бахшида мегӯяд, ки “шахс вақте ба сӯи театр меравад, ки беғам аст. Аммо мардум мушкилоти бисёр доранд. Аз ин рӯ, фарҳангашон ба дараҷае поин омадааст, ки боиси нигаронӣ ва афсус аст”.
Ҳоло умеди баъзе аз коргардонҳо ба ин аст, ки шояд пас аз бунёди Театри миллии Тоҷикистон дар маркази пойтахт бахши театр дар кишвар аз нав эҳё гардад.
Минеральные источники в Центральной Азии: где согреться в наступившие холода?
Эмомали Рахмон подписал свыше 30 новых законов
В Таджикистане официально признаны безработными 49 тысяч человек
В Душанбе проходит международный фестиваль «Танец объединяет нас»
В Узбекистане пресекли ввоз более 50 кг наркотиков из Таджикистана
Представители Таджикистана приняли участие в крупнейшем саммите Biban Global в Эр-Рияде
"Озоди": В Косово задержали гражданку Таджикистана за шпионаж в пользу России
Два таджикских лидера бизнеса получили международную премию «Лидер СНГ»
На улицах Бохтара разрастаются кучи мусора. Кто виноват?
«Придумали в Китае»: пять великих открытий и изобретений Поднебесной
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста