Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва бонуи саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, ба синни 85-солагӣ қадам гузошт. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, адолатхоҳӣ ва шуҷоат варо ба ҷодаи идораи давлатӣ овардааст. Мавсуф солҳо ба ҳайси котиби идеологӣ дар Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Роҳи пешанамудаи ин бонуи тоҷик сангин ва пурпечутоб буд, аммо ӯ бо масъулиятшиносӣ ва кордонӣ ин пайроҳаро тай намуда, тавре худаш мегӯяд, ҳеч пушаймонӣ накардааст.

“Азия-Плюс” зимни як суҳбати кӯтоҳи табрикотӣ аз Гулҷаҳон Бобосодиқова дар хусуси машғулиятҳои имрӯзааш пурсид.

- Ҷашни зодрӯзатонро чӣ гуна таҷлил мекунед?

- Ба ҳама азизон, ки маро бо зодрӯзам табрик менамоянд, сипоси беандоза баён мекунам. Дӯстону шогирдонам аз дохилу хориҷи кишвар занг мезананд, табрик мегӯянд, ки ин бароям хушбахтии бузург аст.

- Ҳоло чӣ ҳолу ҳаво доред ва бо чӣ корҳо машғулед?

- Кори хосе ҳам надорам. Дар ҷаласаву маҳфилҳои гунонгун даъват мешавам, дар ҳар минбаре аз таҷрибаам ҳарф мезанам, ҳар гуфтание, ки ба суди ҳамватанам ҳаст, баён медорам. Дар миёни насли худ, насли аз худ хурд ва насли ҷавони кишвар ҳастам ва ҳама гуна роҳкушоие, ки аз дастам ояд, дареғ намедорам.

- Аз шумо то ҳол чун нафари соҳибтаҷриба дар соҳаи идораи давлатӣ маслиҳатҳо мепурсанд?

- Бале, бо ҳар гуна дархостҳо занг мезананд ва ба хонаам меоянд. Шогирдонам зиёд муроҷиат мекунанд. Дар чанд вақти ахир бо ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар робита ба баробарҳуқуқии зану мард ва танзими қонунгузории кишвар ҳамкорӣ дорам. Агар кам ҳам бошад, хушбахтам, ки то имрӯз барои хушбахтии занони миллатам саҳм мегузорам.

- Ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе доред ва аз худ розӣ ҳастед?

- Ифтихор мекунам ва аз худам розиям. Солҳоеро, ки котиби аввали Кумитаи комсомоли пойтахт ва ҷумҳурӣ будам, саҳифаҳои тиллоии умрам ҳисоб мекунам. Фикр мекунам, ки дар ин солҳо корҳои хуберо барои миллату давлатам анҷом додам.

- Ин роҳро барои Шумо кӣ ҳамвор кард ва аз чӣ имрӯз ифтихор мекунед?

- Ман бисёр аз волидонам, ба вижа аз модарам миннатдорам. Нахустин қадамҳои мемондаамро маҳз модарам ҷонибдорӣ мекарданд ва бароям рӯҳия мебахшиданд. Шавҳарам ҳам марди бузурге буданд ва барои ҳама корҳои анҷомдодаям шарик ва мададгорам ба ҳисоб мерафтанд. Барои тарбияти фарзандонам ҳам саҳми бузургро ин ду нафар гузоштаанд. Аз ҳамаашон мамнун ҳастам.

- Дар охир ба ҳамватанон чӣ паёме доред?

- Барои миллатам ваҳдати комил мехоҳам!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.