Сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон дар мактубе гуфтааст, ки духтарони синфи шашум ва поёнтар аз синфи шашум метавонанд ба мактаб ва омӯзишгоҳҳо бираванд. Дар ин бора хабаргузории aamajnews24 хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ Мавлавӣ Ҳабибулло, сарпарасти вазорати маорифи Афғонистон дар ин мактуб афзудааст, муаллимони зане, ки дар марказҳои омӯзишии мавриди ҳимояти муассисаҳои байналмилалӣ тадрис мекарданд ҳам метавонанд бо ба сар кардани ҳиҷоб ба корашон идома диҳанд.
Гуфта мешавад дар ин мактуби Толибон* аз ҷумла омадааст, ки агар мақомҳои маҳаллӣ, ки дар ин замина мушкилот эҷод мекунанд, бояд ба таври расмӣ мушкилро бо масъулони марбутаи вазорати маориф дар миён бигузоранд.
Ин дар ҳолест, ки 480 рӯз аз баста будани дарвозаҳои мактабҳо ба рӯйи духтарони болотар аз синфи 6 мегузарад. Аммо Толибон дар мактуби хеш бори дигар таъкид карданд, ки синфҳои болотар аз шаш то “иттилоъи сонӣ” ҳаққи ба мактаб рафтанро надоранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки қаблан Толибон* бар асоси хулосаи девони вазирон ва дастури Мавлавӣ Нидомуҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Афғонистон аз манъи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳои хусусӣ ва давлатӣ хабар дода буданд.
Дар пайи манъи омӯзиш ва таҳсили занон, дастур таваққуфи кори занон дар созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистонро низ содир карданд.
Ин тасмимҳои Толибон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон сахт интиқод карда шуд ва даъват гардид, ки дар зудтарин фурсат ин қарорҳои мухолиф ба ҳуқуқи башар бекор карда швад.
Толибон аз баъд аз тасаллут бар Афғонистон, маҳдудиятҳои зиёдеро дар зиндагии занон ҷорӣ карданд, ки ин ҳама поймол кардани ҳуқуқи бунёдии башар дониста мешавад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





«Азия-Плюс» запустила чат-бот, который учит цифровой безопасности
В Таджикистане определили квоты на отстрел краснокнижных животных
Мобильное приложение «Арванд»: безопасность, удобство и полный контроль над финансами
Праздник Рамазан в Таджикистане будет отмечаться 20 марта
Осужденные по делу «Крокуса» таджикистанцы обжаловали приговор
Комплекс Huseynzoda Avenue: комфорт в каждом метре вашего жилья
В Душанбе у родителей изъяли двоих детей за попрошайничество
65 сомони за мясо: жители Душанбе выстраиваются в очереди на ярмарках-продажах перед праздниками
Интернет в Таджикистане: как изменилась скорость и стоимость в 2025 году?
Союзники США отказались отправлять корабли в Ормузский пролив по призыву Трампа
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста