Донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ барои хидмат ба сафи Артиш мераванд, дар назар аст, ки аз пардохти маблағи шартнома пурра ё 50 дарсад озод карда шаванд. Дар ин бора Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Тибқи иттилои ректор соли гузашта аз ДДХ беш аз 530 нафар донишҷӯ бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд.
“Пас аз баргаштан дар навбати аввал мо онҳоро дар курсе, ки таҳсил мекарданд, барқарор мекунем ва имконият медиҳаем, ки саривақт баҳоҳояшонро гиранд. Ҳозир мо нақша дорем ва агар он аз тарафи Шӯрои олимон қабул шавад, мехоҳем донишҷӯи ба хидмати ҳарбӣ рафтаро, агар тариқи шартномавӣ таҳсил кунад, аз пардохти маблағи шартнома пурра ё 50 дарсад озод кунем”, - афзуд Аюб Усмонзода.
Бояд зикр кард, ки ДДХ калонтарин муассисаи таълимии Тоҷикистон дар шимоли кишвар буда, дар он беш аз 24 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Наздики 50 дарсади донишҷӯён дар ин донишгоҳ ба таври шартномавӣ мехонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳар сол аз набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, чанд соли охир мақомоти гуногуни кишвар барои ҷалби ҷавонон ба сафи артиш ҳар гуна имтиёзҳо, аз қабили додани замину курсҳои бозомӯзии ронандагӣ ва амсоли инро пешниҳод мекунанд, аммо ин маротибаи аввал аст, ки ректори яке аз бузургтарин донишгоҳҳои кишвар пешниҳод дорад, барои хидмати ҳарбӣ дар пардохти маблағи шартнома имтиёз пешниҳод карда шавад.
С Новым годом, дорогие друзья!
Tarona Music Award-2024: 15 звезд на одной сцене!
В «Ориёнбанк» подвели итоги акции с розыгрышем квартир и электромобилей
2025 год Зеленой Деревянной Змеи: что он принесет?
Что смотреть на новогодние праздники: 10 новых и самых новогодних фильмов
Селёдка под шубой: ТОП-5 необычных оформлений самого новогоднего блюда
Мэр Душанбе поручил искать гранты на ремонт ветхих электросетей и водопроводных линий в столице
Гульсифат Шахиди: «Тот, кто получил достойную жизнь, прежде всего много трудился»
В первый день нового года погода в Таджикистане резко изменится
Пять ключевых достижений Таджикистана в сфере энергетики и водных ресурсов в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста