Имсол 12 нафар шоирону нависандагони тоҷик ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро гирифтаанд. Барандагони ҷоизаҳои адабӣ дар маҷлиси охирини раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо овоздиҳии пинҳонӣ муайян шудаанд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки масъалаи додани ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар бахши наср ва ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши назм рӯзи 30-юми июл мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ асарҳои зерин ба дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардиданд:
Дар бахши наср:
1. “Барфи хунолуд” (маҷмуаи ҳикояҳо ва қисса) - Сироҷиддин Икромӣ.
2. “Дасти боло” (маҷмӯаи ҳикояҳо) - Шодӣ Раҷабзод.
3. “Кайфар” (романи таърихӣ) - Диловари Мирзо.
4. “Китоби филмномаҳои Шераки Ориён” - Абдурофеъ Рабизод (Шераки Ориён).
5. “Чароғи ҳидоят” (маҷмӯаи қисса ва ҳикоёт) - Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод.
6. “Шакардара” (маҷмӯаи ҳикоя, шеър, чистон ва афсонаҳо барои бачаҳо) - Маҳбуба Неъматзода.
Дар бахши тарҷума:
7. “Метин” (тарҷумаи маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ) - Ӯринбой Усмон.

Ҳамин тавр, бо овоздиҳии пинҳонӣ асарҳои зерин ба дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф гардиданд:
Дар бахши назм:
1. “Афсонаи себ” (маҷмӯаи ашъор) - Ҳасани Султон.
2. “Дӯст дор зистан” (маҷмӯаи ашъор) - Абдуллоҳи Раҳнамо.
3 “Коинот” (маҷмӯаи ашъор) - Гулноз.
4. “Лозар” (маҷмӯаи ашъор) - Хушомади Алидод.
Дар бахши таҳқиқи илмӣ:
5. “Ҷустуҷӯҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир” (маҷмӯаи мақолаҳои адабиётшиносӣ) - Мисбоҳиддини Нарзиқул.
Ёдовар мешавем, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон эҳдо мегардад.




Правозащитники: Казахстан может начать массовую депортацию россиян из-за дела о фальшивых РВП
Таджикский таэквондист завоевал золото на международном турнире в Беларуси
КСИР предлагает странам свободный проход в Ормузском проливе за высылку послов США и Израиля
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 марта 2026 года
Парящие купола Ходжа Машада. Это медресе в Таджикистане – одно из древнейших среди дошедших до нашего времени
Окна, как главный акцент фасада: тренды, которые меняют частные дома
В Таджикистане 200 женщин смогут получить президентские гранты до 110 тыс. сомони
Трамп заявил о скором завершении войны с Ираном на фоне резкого скачка цен на нефть
Как Душанбе Сити Банк справился с мощнейшей DDoS-атакой
В Душанбе мужчина зарезал знакомого во время конфликта
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста