Алиризо Ҳақиқиён, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ӯ дирӯз, 27-уми август, ба Душанбе омад. Дар ин бора хабаргузории “Форс-нюс” иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, сафири нави Эронро намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, кормандони сафорат ва дигар ниҳодҳои эронии муқими Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
“Дар мулоқоте, ки миёни Ҳақиқиён ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, изҳори умедворӣ шуд, ки бо ҳузури сафири нави Эрон, роҳи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун бо ҷиддият ва ғайратмандона пеш гирифта мешавад”, - навиштааст манбаъ.
Ҳақиқиён аз ин пеш мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон ва сафири Эрон дар Покистон буд.
Ӯ ба ҷои Муҳаммадтақии Собирӣ сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ моҳи марти соли 2019 ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин гардида буд ва то моҳи августи соли 2023 дар ин вазифа монд.




«Черный список» Службы исполнения наказаний: более 27,7 тыс. должников лишены права выезда из Таджикистана
Садыр Жапаров снял с поста главы ГКНБ Кыргызстана Камчыбека Ташиева
В США в ДТП погибла 36-летняя таджикистанка, трое ее детей госпитализированы
В Узбекистане введут «нулевые» классы для подготовки детей к школе
Индекс восприятия коррупции: Таджикистан почти в конце рейтинга
Канализация в Таджикистане – это недоступная роскошь для 75 процентов населения
ФАО помогла Таджикистану укрепить систему диагностики ящура
«Бишкекский маньяк» найден мертвым в СИЗО. Что о нем известно?
Таджикские пограничники задержали афганского контрабандиста с крупной партией наркотиков
Талибы приняли новый Уголовно-процессуальный кодекс Афганистана. В нем узаконена дискриминация и нет презумпции невиновности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста