Ду рӯз пештар, 30-юми октябр, даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ оғоз гардид. Чанд рӯз пештар аз ин, мо бо Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ доир ба даври ниҳоии озмуни мазкур, ҳолати китобу китобхонию китобдорӣ дар кишвар, бад ё хуб будани китобхонӣ барои мукофот, норасоии кадрӣ дар ин соҳа, нақши Китобхонаи миллӣ дар рушди ҷомеа суҳбат кардем.
Барои мукофот китоб хондан бадие надорад!
- Биёед суҳбатро аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шурӯъ кунем. Барои гузаронидани он Китобхонаи миллӣ чӣ мушкил ё норасоӣ дорад?
- Барои баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Таҷрибаи андӯхтаи солҳои гузашта ва масири тайнамуда барои баргузории ин озмун бисёр муҳим мебошанд. Соли панҷум аст, ки ин озмун дар сартосари мамлакат баргузор мегардад ва Китобхонаи миллӣ даври чоруми онро бо тамоми шарту шароити зарурӣ ва дар сатҳи баланди ташкилию хизматрасонӣ барпо мекунад.
- Мушоҳида мекунед, ки бо ташкили чунин озмунҳо китобхонӣ мӯд шуд?
- Ҳар кас метавонад инро мушоҳида кунад. Кофӣ аст танҳо ба Китобхона биёед ва аз талошу масъулияти онҳое, ки воқеан барои иштирок дар озмун ва ғанӣ гардонидани дониши худ кӯшиш доранд, огоҳ гардед. Аз ин нигоҳ, ба боварӣ метавонам бигӯям, ки роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҳавасмандгардонии қишри гуногуни ҷомеа бо мукофоти пулӣ ва дигар имтиёзҳо таъсири худро ҷиҳати ҷалби афроди ҷомеа ба китобхониву китобхона расонид.
-Ба андешаи шумо китобхонӣ барои озмун ва мукофот (пул) хуб аст?
- Фикр намекунам ин амалкард бадие дошта бошад, агар чунин буд, ин иқдом роҳандозӣ намешуд. Зеро ҳавасмандсозӣ дар тамоми маврид муҳим аст. Бубинед, инсон ҳамеша дар талош аст, ки натиҷаи талошҳо ва амали анҷомдода ӯро ба мақсад расонад. Агар дар ин росто манфиати моддиву маънавӣ ба ҳам омезиш ёфта, донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинӣ васеъ гардад, магар ин сифати инсонӣ боиси маҳкум шудан аст?
Норасоии кадрӣ кай ҳал мешавад?
- Шахсан худатон бо кадом одамони шинохта дар китобхона вохӯрдаед, ки дархости китоб карда бошанд?
- Ба Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза одамони гуногун, аз ҷумла ходимони давлативу ҷамъиятӣ, шахсиятҳои машҳур меоянд, ҳар кадоми онҳо дар самти мутолаи китоб ниёзи мушаххаси худро доранд. Бо назардошти мавҷудияти шароитҳои мусоиди Китобхонаи миллӣ, то имрӯз аз ҷониби истифодабарандагон, аз ҷумла, ба ибораи шумо “одамони машҳур”, зарурати бевосита аз директори китобхона дархост кардани китоб ё маводи дигари иттилоотӣ мушоҳида нашудааст, зеро кормандони тамоми сохторҳои хизматрасони китобхона кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи дархостҳо сари вақт ва бо сифати баланд қонеъ гардонида шаванд.
- Ҳоло дар Китобхонаи миллӣ чанд нафар фаъолият мекунанд ва чанд нафари онҳо мутахассиси ғайрисоҳавӣ ҳастанд?
- Дар Китобхонаи миллӣ бо ҳисоби ҳайати кормандони техникию ёрирасон 518 нафар фаъолият доранд, ки аз онҳо 123 нафар корманд бо ихтисоси китобдор мебошанд. Бале, воқеан бо вуҷуди талош ва мавҷудияти барномаву дастурҳои омӯзишӣ, ҳамасола тайёр шудани шумораи муайяни мутахассисони соҳавӣ ҳоло ҳам норасоии кадрӣ дар ин самт ба назар мерасад. Метавон гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ норасоии кадрҳои соҳаи китобдорӣ тадриҷан бартараф шуда истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Вазъият дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам ташвишовар аст.
– Мушкили норасоии кадриро чӣ гуна бартараф карданӣ ҳастед?
- Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ фаъолияти босамар ва мақсаднокро ба нақша гирифта, ҳамасола курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, аз ҷумла ҳамин гуна курсҳои сайёрро доир менамояд. Ҳадаф аз ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамчунин, Китобхонаи миллӣ як гурӯҳ донишмандону мутахассисон ва коршиносони варзидаи соҳаи китобдориро ба кор ҷалб кардааст. Бо истифода аз неруи илмию педагогии онҳо сатҳи донишҳои касбӣ ва малакаҳои кории китобдорон дар курсҳои номбурда баланд бардошта шуда, ба масъалаи омӯзонидани асосҳои кори барномаҳои соҳавии байналмиллалӣ «Алеф» ва «ИРБИС» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
- Оё китобдороне, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон омода мешаванд, барои бартараф шудани норасоии кадрӣ мусоидат намекунанд?
- Калонтарин ва асоситарин ниҳоде, ки барои омода намудани кадрҳои соҳаи китобдорӣ аз ҳама бештар саҳм мегузорад, ин факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишкадаи мазкур мебошад. Мо дар рафти фаъолияти хеш ҷиҳати табодули таҷриба ва интиқоли кадрҳои баландихтисоси соҳа ҳамкориро бо ин муассисаи таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаем. Вале ҳанӯз ҳам бо ин теъдоди хатмкунандагон, инчунин тарзу услубҳои омодасозии мутахассисон, ки ба роҳ монда шудааст, талаботи китобхонаҳои кишварро пурра қонеъ гардонидан душвор аст. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар инчунин дигар марказҳои омодасозии китобдорон фаъолият доранд.
- Сабаби асосӣ дар чист: нақшаи факултаву бахшҳо кам аст ё донишҷӯён ба кор намеоянд?
- На ҳамаи онҳое, ки аз рӯи ин ихтисос маълумоти олӣ мегиранд, ба китобхонаҳо ба кор меоянд. Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки донишмандон ва мутахассисони соҳаи мазкур барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ва ба талаботи ҷомеаи имрӯз ҷавобгӯ барномаҳои нав таҳия кунанд ва ба истифода аз онҳо мо дар доираи курсҳои кӯтоҳмуддати китобдорӣ, ба раванди тайёрии касбии китобдорон вусъат бахшем.
Аз умри касб то фейсбуку телеграм
- Ҳоло мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки бархе касбҳо нодаркор мешаванд. Умри китобдор то чанд соли дигар боқӣ мемонад?
- Тибқи андешаи донишмандон касби китобдорӣ таърихи беш аз чору ним ҳазорсола дошта, то ба имрӯз маъруфият дорад. Мавриди зикр аст, ки бо мурури рушди технологияи муосири иттилоотӣ касби китобдорӣ ва моҳияту мундариҷаи он тағйир ёфта, он мутобиқ ба талаботи замон мураккабтар мегардад. Функсияҳои иҷтимоии китобдор дар ҷомеаи имрӯза дигаргун мешаванд, ба зиммаи китобдор уҳдадориҳои нав дар самти беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорию иттилоотӣ илова мешаванд. Аз китобдори имрӯза тақозо мешавад, ки забондон, барномарез, менеҷер, донанда ва таҳлилгари хуби мазмуну моҳияти иттилоот бошад, аз уҳдаи кор бо анвои гуногуни технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ баромада тавонад, нозукиҳои кори барномаҳои соҳавии “Алеф”, “ИРБИС” ва амсоли инҳоро донад. Аз ҳамин нуқтаи назар, то вақте инсон ба китобу иттилоот ва донишандӯзӣ ниёз дорад, касби китобдорӣ на танҳо боқӣ мемонад, балки маъруфияти бештар пайдо мекунад.
- Ҳамкорони Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Фейсбук фаъоланд ва аз навгонии китобхона, китобҳои нав, меҳмонони китобхона ва ғайраҳо ба обуначиҳоятон сари вақт иттилоъ пешниҳод мекунанд. Шуморо ба ин кори муҳим чӣ такон дод?
- Мардум аксар вақт ҳабарро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ менамоянд ва дар баробари дастрас намудани иттилои дурусту санҷидашуда метавонанд ба хабари бардурӯғу ҳангомасози шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби шахсони манфиатхоҳ паҳн мегардад, эътимод пайдо кунанд ё фирефтаи чунин иттилоот гарданд. Аз ин рӯ, зарурат пеш меояд, ки дар баробари сомонаи расмии худ мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корро ҷиҳати муайяну мушаххас гардонидани иттилоот пурзур намоем.
- Телеграм-канали Китобхонаи миллӣ дар асоси нақшаи муайян ва тарҳрезишуда мавод нашр мекунад? Умуман, китобҳо барои интишор чӣ гуна интихоб мешавад?
- Дар баробари китобхонаҳои анъанавӣ арзи вуҷуд намудани китобхонаҳои электронӣ, зарурати коркард, таҳияи феҳристи электронӣ, маводи гуногуни библиографӣ ва махсусан хизматрасонӣ дар реҷаҳои гуногун ба хонандагон ба миён омадааст. Бинобар ҳамин, ба воситаи телеграм-канал, ки махзани электронии мо тарғиб карда мешавад, як ҳадафи дигар - ҷалби хонанда ба китобхонӣ ва зиёд намудани теъдоди хонандагони Китобхонаи миллӣ пиёда мешавад. Албатта, барои гузоштани китобҳои электронӣ дар ин шабака, нуктаи назар ва нақшаи муайяне роҳандозӣ гардидааст, ки онро танзим мекунад ва манбаи электроние, ки аз ҷониби хонанда дархост гардидааст, гузошта мешавад ва дар мавриди дигар мо хонанадаро ба сӯйи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон роҳнамоӣ менамоем, ки махзани асосӣ ва ғании электронии мо дар он гирдоварӣ шудааст.
Гумшавии китобҳо ва мукаммалгардолнии фонд
- Оё дар китобхона китоб гум мешавад? Саҳифаҳои китобҳоро ҳоло ҳам мекананд?
- Аз нахустин рӯзи фаъолияти хеш то ба ҳол шоҳиди чунин ҳолат набудам, зеро ба сурати зарурӣ амнияти нигоҳдории фонди Китобхонаи миллӣ таъмин буда, тамоми толору роҳравҳо бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Илова бар ин, агар саҳифае аз китоб барои хонанда лозим шавад, барои ин дар Китобхона шумораи зиёди дастгоҳҳои нусхаафзо мавҷуданд. Бинобар ин, чунин ҳолат ҳатто иттифоқан рух доданаш ғайриимкон аст.
- Чӣ гуна фонди китобхонаро пур мекунед? Оё муаллифону мураттибон аз рӯи қоида аз 3 то 5 нусхаи китобашонро бемамоният оварда месупоранд?
- Дар сохтори Китобхонаи миллӣ шуъбаи мукаммалгардонии фонд фаъолият дорад, ки мақсади асосии он такмили фонди асосӣ ва фондҳои ёрирасони китобхона буда, мувофиқи соҳа мукаммалгардонии ҷории фонди адабиёти ватаниро бо истифодаи сарчашмаҳои гуногун (нусхаи ҳатмии ройгон, обуна ба маҷаллаю рӯзномаҳои ватанию хориҷӣ, хариди ҳуҷҷатҳо, туҳфа аз шахсони алоҳида, сафорату ташкилотҳои соҳавӣ) амалӣ мегардонад. Яке аз манбаҳои асосии мукаммалгардонии фонди китобхона ин қабули ҳуҷҷатҳои ройгон ва ё боргирии нусхаи ҳатмии адабиёт мебошад. Дар заминаи нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳои ба китобхона воридгардида коркарди библиографӣ ва таҳияи омори матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Касеро иҷборан аъзои китобхона намекунем
- То ҷое медонем, Шумо маълумоти китобдорӣ надоред, оё роҳбарӣ кардани бузургтарин китобхонаи кишвар душвор нест?
- Худситоӣ хуб нест, вале барои дарки воқеият, зикри ҳамин нуктаро зарур медонам, ки ҳанӯз даврони хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи шуравӣ вазифаи китобдори китобхонаи қисми ҳарбиро ба уҳда доштам. Илова бар ин, аз давраи таҳсил дар мактаби миёна то имрӯз ҳаёту фаъолиятам аз китобу китобхона дур набуд. Бо шарофати чанд соли кор дар ин боргоҳи илму маърифат ба сифати роҳбар ва ҳамкорӣ бо мутахассисону коршиносони соҳаи китобдорӣ боиси ғановати таҷрибаам гардиданд.
- Баъзан мефаҳмем, ки хонандагон ва донишҷӯёнро ба Китобхонаи миллӣ иҷборӣ аъзо мекунанд, оё ин дуруст аст? Агар бале, чаро чунин аст ва агар не, чаро ин гуна овозаҳо мебароянд?
- Китобхона ё маконҳои фарҳангӣ роҳраве нестанд, ки шумо барои ба он ҷо рафтан маҷбур шавед ё маҷбуратон кунанд. Агар аз рӯйи фаросат ва маърифати инсонӣ андеша кунем, ҷомеаҳои маданӣ маконҳои фарҳангию маърифатиро барои насли наврасу ҷавонаш ба умеди ояндаи ободу озод таъсис медиҳанд. Бо таври амиқ, бо тамоми кафолат метавон ҳадс зад, ки маконҳои фарҳангӣ барои рушду камолоти инсон фазои олитаринанд, ҷомеаҳои фарҳангӣ дар ҳифзи забону таъриху ҳувияти худ ҳамеша барномаҳои комилро таҳияву роҳандозӣ мекунанд. Чунин иқдом кишварҳои пешрафтаро миёни башарият обруманду муваффақ гардонидааст. Бинобар ин, чунин амал, яъне иҷборӣ аъзо намуданба Китобхонаи миллӣ овозаи беш набуда, сабаби паҳн гардидани чунин овозаҳо манбаҳои шабакавӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки баъзан ҳадафҳои муғризона дошта, воқеиятро таҳриф мекунанд.
В Душанбе запустили первые электрические микроавтобусы
15 лет успеха: Как Спитамен Иншуренс завоевала доверие клиентов и открыла новые горизонты
Истаравшан стал городом ремесленников. Чем он известен и за чем туда стоит поехать?
Европейский союз продвигает современные методы ведения сельского хозяйства
Встречи в Дохе: О чем говорил Эмомали Рахмон с лидером Катара и премьером Таиланда
Таджикистан занял последнее место среди стран региона в Глобальном индексе знаний
Швейцарская компания Gruner Stucky приступает к разработке ТЭО ГЭС «Чарсем» в ГБАО
Formula55 CUP проводит открытый ежегодный чемпионат по мини-футболу
Какие поручения дал мэр Душанбе чиновникам?
Студенты Таджикистана, лишенные права въезда в Россию, могут обратиться в МВД за помощью
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста