Имрӯз Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон ва раиси Академияи мусаввирии кишвар дар Душанбе, дар 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷанозаи марҳум зуҳри имрӯз, 12-уми январ, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (калонтарин масҷиди кишвар) баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар қабристони Лучоб ба хок супорида шавад.
Вафо Назаров 6-уми майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омада буд.
Солҳои 1955 - 1960 дар Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва солҳои 1966 - 1972 дар Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) таҳсил кардааст.
Вафо Назаров солҳо ба ҳайси рассом-таҳиягар дар Телевизони Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Дар ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006 Назаров саррасом будааст.
Соли 2009 Вафо Назаров раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Вафо Назаров узви Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО мебошад ва дорандаи унвонҳои Аълочии телевизион ва радиои Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982) ва Рассоми халқии Тоҷикистон ҳаст.




«Людей надо вернуть в театр»: пять лет без Хабибулло Абдураззокова
В Узбекистане будут поощрять премиями самых читающих чиновников и учеников
Самые дорогие нападающие в азиатском футболе: на каких местах находятся таджикские форварды?
Китай столкнулся с рекордным падением рождаемости в 2025 году
Когда узоры оживают: Мавзуна Джалолова и тайна пенджикентской вышивки
Трамп пригласил президента Казахстана в Совет мира по Газе
Раскол в «Талибане»? «Прагматики» не позволили «радикалам» полностью отключить интернет в Афганистане
Аятолла Хаменеи признал гибель тысяч иранцев в ходе протестов и возложил ответственность за это на США
Водные ресурсы в Центральной Азии истощаются: что будет, когда придет час Х?
Таджикистан вошел в число самых «трезвых» стран мира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста