Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ)-ро оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод тасдиқ кард.
Зимни шарҳи созишнома ба вакилон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки мувофиқи санади рӯзи 3 апрели соли равон имзошуда, ҳаҷми умумии қарзи ҷалбшаванда 75,5 млн долларро ташкил медиҳад.
Вазир таъкид дошт, ки қарз ба муҳлати 29 сол, аз ҷумла бо 6 соли давраи имтиёзнок пешниҳод карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, қарз ба сохтмони роҳи мошингарди масофааш 79 километри Обигарм-Нуробод, аз ҷумла пул (купрӯк) дар ин роҳ бо дарозии 920 метр равона мегардад.
Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон Азиз Гиёзода изҳор намуд, ки бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, айни ҳол дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ (ҳудуди 1,2 млрд доллар) мавриди амалишавӣ қарор дорад.
Ӯ таъкид дошт, ки айни замон лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи 3,3 млрд сомонӣ (зиёда аз 300 млн доллар) идома дорад.
Вакили парлумон илова кард, ки тасдиқи лоиҳаи созишномаи қарзии мазкур ба бунёди пули калонтарин аз рӯи масофа дар мамлакат бо дарозии 920 метр имкон медиҳад.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ бо пешниҳоди Чин таъсис дода шудааст. Ҳадафи аслии ниҳоди молиявии мазкур ҳавасмандсозии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё унвон шудааст.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ соли 2014 таъсис ёфта, айни замон 57 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аъзои он мебошанд. Қароргоҳи Бонк дар Пекин воқеъ аст.
В Мьянме из трудового рабства освобождены 13 граждан стран Центральной Азии
Таджикский спортсмен сразится за чемпионский пояс евразийской бойцовской лиги
Эмомали Рахмон поручил в кратчайшие сроки ликвидировать последствия землетрясения в Раште
В Душанбе задержали мужчину, обещавшего таджикистанцам «помочь» с переездом в США
Таджикский паспорт оказался в числе самых слабых в мире
Таджикские военнослужащие примут участие в военном параде по случаю 80-летия Победы в Москве
Что, если «Талибан» – больше не террористы?
Всемирный банк подтвердил поддержку Таджикистана в развитии зеленой экономики и устойчивого роста
В Душанбе детей отобрали у матери, заставлявшей их заниматься попрошайничеством
Таджикистанцев, обвиняемых в атаке на «Крокус Сити Холл», признали вменяемыми
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста