Шоҳрух Саидзодаи 37-сола, ки 7 сол сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД буд, бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба ҷои Бароталӣ Ҳамидзода, сардори нави Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст. Дар ин бор як манбаъ аз ВКД хабар дод.
Бароталӣ Ҳамидзода соли 2022 сардори милитсияи пойтахт таъин шуда буд. Маълум нест, ки ӯ ба чӣ вазиф таъин шудааст.
Шоҳрух Саидзода, ки аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, рутбаи генерал-майори милитсия дорад ва дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, муовин ва аз соли 2017 то 2024 сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД буд.
Ӯ ҳамчунин, президенти дастаи футболи «Истиқлол» аст ва яке аз дустони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад.

Хадамоти матбуотии президент иттилоъ медиҳад, ки дар мувофиқа бо раисҷумҳури инчунин, Абдулло Навҷувонов, аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва Баҳодур Ваҳобзода, аз мансаби сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт низ аз вазифа озод шудаанд. То ҳол маълум нест, ки ба ҷои онҳо кӣ таъин шудааст ва худи онҳо ба чӣ мансабе ҷойгузин шуданд.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ИДМ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия низ аз вазифа барканор ва шахсони дигар таъин шудаанд.
“Сардорони шуъбаҳои якум ва дуюм дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ, сардорони шуъбаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Истиқлол, Хуросон, Норак, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ, Роғун, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд”,-гуфта мешавад дар иттилояи Хадамоти матбуоти президент.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин онҳоро “ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар ҳидоят намуда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас” гузоштааст.
Ӯ ҳамчунин, онҳоро ба донистани забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, такмили донишу маҳорати касбӣ ва омодагии ҷисмонӣ даъват кардааст.
Хабар такмил мешавад.



2026 год Огненной Лошади: что ждёт каждый знак и как использовать энергию года
Татьяна Садыкова-Никитина: Музыка, сотканная из эпохи
Международное образование в Центральной Азии: как УЦА открывает путь к глобальной карьере?
Видео с обезьяной в клетке: что ответили в худжандском зоопарке
«Активбанк» запускает Google Pay для держателей Mastercard
Лошадиная душа Таджикистана: от древних кровей до новых побед
Как правильно выбирать ананас к новогоднему столу?
EcoCars: как компания с таджикистанскими корнями стала одним из первых экспортеров электромобилей из Китая
«Барки Точик» пообещал таджикистанцам стабильное электроснабжение в новогодние дни
Как выглядели новогодние номера газеты «Азия-Плюс» четверть века назад
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста