Марде, ки навори бо корд ба шиками як духтарча задани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва боиси вокунишҳои зиёде шуд, боздошт гардидааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ замоне ба шиками духтарчаи 8-сола бо корд зад, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт.
Ҳодисаро аз Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент ба "Азия-Плюс" шарҳ дода гуфтанд, ки он тарқибан соати 10:00 рӯзи 16-уми феврал дар дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент рух дод.
Дар ин навор дида мешавад, ки як мард дар назди бозори Панҷакент духтареро, ки ҳамроҳи модараш аз канори роҳ мегузарад, бо корд мезанад. Баъд аз он ки духтар фарёд мезанад, модараш огоҳ мешавад, ки ӯ захмӣ шудааст.
“Хушбахтона, кӯдак зарари ҷиддӣ набардошт ва ба ӯ ёрии тиббӣ расонида шуд. Ӯ ҳамоно ба беморхона интиқол гардида, рӯзи дуюм (18-уми феврал) аз бемористон рухсат ёфт”, - гуфтанд аз ШВКД Панҷакент.
Аз ин ниҳод гуфтанд, субҳи имрӯз, 19-уми феврал гумонбари ин ҳамала, марди 53-сола, сокини ҷамоати деҳоти Шинги шаҳр, ки қаблан низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд, боздошт гардидааст.

“Тавре маълумоти пешакӣ нишон медиҳанд, ҳангоми ин ҳодиса ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ҳоло таҳқиқот идома дорад ва масъалаи мурофиаи ҳуқуқӣ дар бораи он ки бо кадом моддаи қонун ӯро муҳокима мекунанд, ҳал мешавад”, - гуфтанд аз шуъбаи милитсияи Панҷакент.
Ҳоло назари волидайни ин духтар нисбат ба ин ҳодиса маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки марде бебаҳона дар дохили бозор ба шиками як духтар бо корд мезанад ва ором аз паҳлӯи ӯ гузашта меравад. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши корбаронро ба бор овард ва аксаран аз мақомот талаб карданд, ки ин мард боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад.




«Азия-Плюс» запустила чат-бот, который учит цифровой безопасности
В Таджикистане определили квоты на отстрел краснокнижных животных
Мобильное приложение «Арванд»: безопасность, удобство и полный контроль над финансами
Праздник Рамазан в Таджикистане будет отмечаться 20 марта
Осужденные по делу «Крокуса» таджикистанцы обжаловали приговор
Комплекс Huseynzoda Avenue: комфорт в каждом метре вашего жилья
В Душанбе у родителей изъяли двоих детей за попрошайничество
65 сомони за мясо: жители Душанбе выстраиваются в очереди на ярмарках-продажах перед праздниками
Интернет в Таджикистане: как изменилась скорость и стоимость в 2025 году?
Союзники США отказались отправлять корабли в Ормузский пролив по призыву Трампа
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста