Имрӯз, 21-уми апрел дар шаҳри Анқара, масъалаи бекор кардани низоми раводид байни Тоҷикистон ва Туркия дар доираи машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳое, ки ба ҳамкории консулӣ дахл доранд, аз ҷумла созишномаҳои низоми раводидиро баррасӣ хоҳанд кард.
“Мо тавассути ҳамкориҳои зич ва муколама байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар талош дорем, ки дар оянда низоми раводидро лағв кунем”,-гуфта мешавад дар посухи намояндагии дипломатӣ.
Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Туркия бояд раводид гиранд.
Пештар мақомоти Тукрия гуфта буданд, ки реҷаи раводид бо Тоҷикистон тадбири муваққатӣ аст, вале муҳлати бекор кардани он ҳоло маълум нест.
Бояд гуфт, ки Туркия аз 20-уми апрели соли гузашта барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми равуо тавассути раводидро ҷорӣ кард, аммо сабаби ин иқдомро шарҳ надод, вале таҳлилгарон тахмин мезананд, ки қарор бо баъзе масоили амниятӣ рабт дорад. Дар посух Тоҷикистон ҳам барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд.
Арзиши раводиди Тоҷикистон барои шаҳварндони Туркия айни ҳол маълум нест, аммо барои дастрас кардани раводиди Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон аз 90 то 160 доллар бояд пардохт кунанд.
Дар пайи ҷорӣ кардани низоми раводид бархе тоҷирони тоҷик, ки аз Туркия маҳсулот меоварданд, нигаронӣ карданд, ки ин иқдом ба тиҷорати онҳо таъсири бевосита мерасонад, яъне воридоти маҳсулот душвор ва арзиши он гарон мешавад.





Цифры в плюс, а жизнь? Экономические итоги Таджикистана-2025
Таджикский педуниверситет вошёл в первую десятку мирового рейтинга вузов по версии HE
Масштабные тренерские перестановки в таджикском футболе: что происходит?
Таджикистан и Иран отменят визы для водителей международных перевозок
Скончалась первая женщина-генерал независимого Таджикистана Саодат Амиршоева
В Душанбе подписали соглашение по сокращению использования гидрофторуглеродов
Иран вошёл в топ-5 торговых партнёров Таджикистана
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 января 2026 года
Курбони Собир о съёмках «Сияния звёзд»: как он стал Джоми
Судья Конституционного суда Таджикистана погиб после падения с девятого этажа
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста