Дирӯз, 3-юми май дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” ё "Dushanbe Grand Slam 2025” 8 паҳлавони тоҷик ба майдон омада, се медал, 2 тилло ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои тиллои варзишгарони тоҷикро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гардан овехтанд.
Ягона медали биринҷии Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ба даст овард.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг дар финал бар ҷудокори бетараф Адам Тсечоев зафар ёфт. Барои Сомон ин медали дуюми тилло дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешавад.

Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг дар нимфинал Абубакр Шерови ботаҷрибаро шикаст дода, дар финал ғалабаро бар Эрденебаяр Батзаяи муғул зафар ёфт. Ин аввалин медали тилло барои Муҳиддин дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин вазн Абубакр Шеров бо Беҳрӯз Хоҷазода барои нишони биринҷӣ мубориза бурда, дастболо гардид.

Панҷ варзишгари дигари мо Беҳрӯз Хоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода ва Сайфиддин Сайфидинзода дар марҳилаҳои гуногун аз рақибони худ шикаст хӯрда, медал ба даст оварда натавонистанд.
Ҳоло пас аз 2-рӯзи мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 ҷудокорони тоҷик бо 8 медал дар феҳристи маҷмӯи медалҳо дар зинаи аввал қарор гирифтаанд.
Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа варзишагрони тоҷик 5 медал, 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифта буданд.

Ғолибони рӯзи дуюми “Dushanbe Grand Slam 2025”
Занон
Вазни - 63 кг
1. Чанхайч Болд (Муғулистон)
2. Малика Аучекорне (Фаронса)
3. Лубяна Пиовесана (Австрия)
3. Сейко Ватанабе (Ҷопон)
Вазни -70 кг
1.Лара Квйетко (Хорватия)
2. Келли Полард (Британияи Кабир)
3. Ю Дан (Чин)
3. Катарзина Собиерайска (Лаҳистон)
Мардон
Вазни -73 кг
1. Муҳиддин Асадуллоев (Тоҷикистон)
2. Эрденебаяр Батзая (Муғулистон)
3. Абубакр Шеров (Тоҷикистон)
3. Ҳоҷиакбар Тошев (Ӯзбекистон)
Вазни -81 кг
1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон)
2. Адам Тсечоев (IJF)
3. Муродҷон Юлдошев (Ӯзбекистон)
3. Коте Капанадзе (Гурҷистон)
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 4-уми май дар охирин рӯзи мусобиқа 14 паҳлавони дигари тоҷик барои ба даст овардани медали куштӣ хоҳанд гирифт. Ин ҷудокорон дар вазни то 90 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музаммир Каримзода, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов ва дар вазни +100 кг Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев мебошанд.





Предприниматель из Таджикистана привлёк миллионы долларов для стартапа, меняющего транспортную индустрию в Африке
В Худжанде появится современная футбольная академия
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Рост тарифов на воду, Starlink и матовые тротуары
МИД РТ: Дело об убийстве 10-летнего Кобилджона Алиева в России находится под контролем президента
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 февраля 2026 года
Год со дня ареста Рухшоны Хакимовой: как живут её дети, и какие решения приняли родные и адвокат?
Виталий Левченко: «Перед «Истиклолом» стоят максимальные задачи»
Афиша от «Азия-Плюс»: концерт Содика Нуруллоева, спектакль «Плутни Скапена» и International Digital Fest
Сироджиддин Мухриддин заявил, что Консульство Афганистана в Хороге не прекращало работу
МИД: Таджикистан приветствует переговоры Ирана и США и выступает за мирное урегулирование конфликтов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста