Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - "Наврӯз", ки як ҳафтаи охир дар Душанбе баргузор гардид, шоми дирӯз, 6-уми май бидуни эълони ғолибон ҷамъбаст шуд. Чорабинӣ бо ҳузури садҳо меҳмону ҳаводори санъат, ҳунармандон, драмматургон ва коргардонҳо дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар оғоз, аз раванди омодагӣ ва баргузории ҷашнвора филми кӯтоҳе манзури ҳозирин гардонида шуд.
Пас аз ин, чорабинӣ ба таври “ширу шакар” идома ёфт: сарояндагони тоҷик бо забонҳои гуногун тарона мехонданд ва дар байн порчае аз намоишҳое, ки дар ҷашнвора ба саҳна гузошта шуда буданд, намоиш дода шуд.
Ҳозирин саҳначаи аз ҷониби ҳунарманди эронӣ таҳияшударо, ки бадоҳатан мегуфт, ҳамасола Эронро ба ҷашнвораи “Наврӯз” даъват кунед, бо кафкӯбӣ истиқбол карданд.
Дар анҷом, Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба ҳама театрҳои ширкарварзида сипоснома ва рамзи ҷашнвораро тақдим кард.
Ҳарчанд гуфта мешуд, ки солҳои қаблӣ (1990-2011) ин ҷашнвора бо эълони ғолибон ва ҷойҳои ифтихорӣ ҷамъбаст мешуд, вале имсол он бидуни рақобат ва касби ҷойҳо гузашт.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барои як муддат доир нашуд.
Ҳамин тариқ, имсол ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ 1-уми май оғоз шуда, то 6-уми май идома кард.
Дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат карданд. Аммо театри Озарбойҷон, ки қаблан гуфта мешуд намоиши “Ҷанг”-ро ба фестивали “Наврӯз” меорад, ба Душанбе наомад.
Шоми 2-юми май маросими расмии оғози ҷашнвора дар Театри опера ва балет баргузор шуд ва ин театр нахустин намоишномаи фестивалро рӯйи саҳна оварданд. Баъдан рӯзҳои 3-юм ва 4-уми май театрҳои Эрону Русия ва Арманистон намоишҳои худро ба саҳна гузоштанд.
Рӯзи 5-уми май театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон намоишҳои “Баҳодури рӯйинтан” ва “Гарнири фаронсавӣ”-ро дар Душанбе манзури тамошобинон карданд.
Субҳи дирӯз Театри Лоҳутӣ намоиши “Достони Сиёвуш”-ро, ки дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту – 2025” соҳиби Шоҳҷоиза шуда буд, дар доираи фестивали “Наврӯз” ба саҳна гузошт.





«Шогун бахор муборак». Об исчезнувших обрядах Горного Бадахшана на Навруз
Трамп дал Ирану 48 часов для открытия Ормузского пролива, пригрозив ударами по электростанциям
В дорогу с Rohnamo: таджикистанец создал справочник по общественному транспорту Душанбе
Эмомали Рахмон: «Мусульмане должны поддерживать друг друга в трудные времена»
В Таджикистане зарегистрировано около 3600 изобретателей. Что они создают?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 марта 2026 года
Блюда на Навруз: фудблогер Шамсиддин Насриддинов делится рецептами на всю неделю
Иран выпустил банкноту рекордного номинала на фоне войны и экономического кризиса
Как Яванская пустыня превратилась в развитый индустриально-аграрный регион Таджикистана
Таджикистан не сможет принять Кубок Азии-2031: под давлением ФИФА турнир отменен
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста