Модари дар сӯги фарзанд нишаста, пайвандони мотамгирифта, ҳамкорону шогирдони андӯҳгин фазои деҳаи Фароғати ноҳияи Қубодиёнро ғамзада карда буд. Дар ин деҳа ҷасади Маҳмадюнус Аминзодаро, ки дар садамае дар Қазоқистон ҷон бохт, интизор буданд, то ба хок супоранд.

Маҳмадюнус Аминзода аз ҷумлаи шаш нафаре буд, ки 20-уми май дар роҳ ба самти Русия, дар Қазоқистон ба садама дучор шуда, ҷон бохт. Ҷасади ӯро рӯзи 25-уми май ба зодгоҳаш - деҳаи Фароғати ноҳияи Қубодиён оварда, ба хок супориданд.

 

Муаллиме, ки ба муҳоҷират мерафт

Маҳмадюнус Аминзода 30 сол дошт ва муаллим буд. Пеш аз оғози кори муаллимӣ, ки зиёд дилбастаи он буд, касби кафшергариро ҳам аз бар кард ва як сол дар Русия ба муҳоҷирати корӣ ҳам рафт. Аммо боз ба Ватан баргашт ва ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар, ба факултаи филологияи тоҷик шомил шуда, онро бомуваффақият хатм кард.

Баъди хатми донишгоҳ, Маҳмадюнус Аминзода дар мактаби деҳае, ки худаш онро хатм карда буд, ба шогирдонаш аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Аммо чанд соли охир, пас аз анҷоми дарсҳо, тобистон ба Русия, назди бародаронаш мерафт, то маблағе кор карда, ба деҳа баргардад ва боз ба кори муаллимӣ идома диҳад.

“Имсол ҳам ният дошт ба Русия равад ва каме кор карда, андаке пул ба даст орад ва ба деҳа баргашта, дар мактаб корашро идома диҳад. Яке аз бародаронаш ба ӯ пешниҳод кард, ки бо тайёра ба Русия равад, аммо Маҳмадюнус баҳона пеш овард, ки дар мактаб кор дорад ва танҳо баъди анҷоми он меравад”, - мегӯяд яке аз пайвандони Аминзода.

Ва ҳамин тавр ҳам кард. Корҳояшро дар мактаб ба анҷом расонида, ба Русия раҳсипор шуд, аммо ба манзил нарасид. Мошине, ки ӯ нишаста буд, дар қаламрави Қазоқистон, дар шоҳроҳи Алмато-Екатеренбург ба садама дучор шуд ва дар пайи он Маҳмадюнус Аминзода ҷон бохт.

Маҳмадюнус Аминзода

“Бори охир Маҳмадюнус бо модар ва ҳамсару фарзандонаш аз қаламрави Ӯзбекистон тариқи телефон сӯҳбат карда буд. Ва то ҳол (то замоне, ки ҷасади Маҳмадюнусро ба деҳа оварданд) модару занаш хабар надоранд, ки Маҳмадюнус дигар нест. Намедонем, чӣ тавр ба ӯ расонем ин хабарро”, - мегӯяд ин пайванди Аминзода ва китф дарҳам мекашад.

Аммо ӯ модар аст, қалби ӯ пеш аз ҳама дарк мекунад, ки бо фарзандаш чӣ ҳодисае рух додааст. Аз ин сабаб, беист аз писараш мепурсид. Ва чанд дақиқа пеш аз интиқоли ҷасад ба деҳа, касе аз пайвандон ба модар хабари марги писарашро расониду фиғони ӯ ба осмон печид.

“Як моҳ пеш, падараш ҳавлии Маҳмадюнусро ҷудо карда, барояш дуо дод, ки дар зиндагии мустақилона муваффақ бошад. Ӯ рӯзона ба мактаб мерафт ва ба шогирдонаш дарс мегуфт. Шабона хонаашро таъмир карда, барои зиндагии шоистаи фарзандонаш шароит фароҳам овард”, - гуфт ин пайванди Аминзода.

Маҳмадюнус Аминзодаро рӯзи 25-уми май дар оромгоҳи деҳаи Фароғат ба хок супориданд.

 

“Барои тӯйи наберааш мерафт”

Якҷо бо Маҳмадюнус Аминзода панҷ нафари дигар аз ноҳияи Қубодиён, аммо аз деҳаи Зиракӣ - Назрулло Боқиеви 24-сола, Файзиддин Солеҳзодаи 35-сола, Аҳтам Каримови 36-сола, Бахтигул Боқиеваи 40-сола ва Юсуф Солеҳови 67-сола низ ба ҳалокат расиданд.

Аз ин панҷ тан сокини деҳаи Зиракӣ, ки ба ҳалокат расиданд, 4 нафар узви як оила будаанд.

“Бародарам бо духтару наберааш ба Русия сафар дошт. Мехост он ҷо набераашро тӯй карда, ба шавҳар диҳад, аммо насиб набудааст. Дар ин садама бародарам бо духтараш ҳалок шуду наберааш дар Қазоқистон, дар шифохона аст. Дар умум, чор узви оилаи мо дар ин садама ҷон бохтанд”, - зикр кард яке аз пайвандони ҷонбохтагон.

Зикр кардан ба маврид аст, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қиммат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба воситаи нақлиёти заминӣ ба Русия сафар кунанд. Ин ҳодиса на аввалин маврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар масири роҳ ба сӯи Русия қурбони ҳодисаҳои фоҷиабор мегарданд.

Аз Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар панҷ моҳи соли 2025, бо шумули 6 фавтидаи охир, 36 тан муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Қазоқистон ба ҳалокат расида, ҷасадашон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ба иттилои ин Марказ, дар соли 2024 ҷасади 60 муҳоҷири тоҷик аз қаламрави Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.