Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 6-уми июн муқарар кард. Қарори мазкурро Маркази исломшиносии кишвар дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кард.
Дар қарори Шуро омадааст, ки санаи дақиқи Иди Қурбон имрӯз, 29-уми май, дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъин гардидааст.
“Мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба руъяти ҳилол Иди саиди Қурбон дар ҳудуди Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 6-уми июни соли 2025 фаро мерасад. Намози Иди Қурбон соати 05:45 дақиқа хонда мешавад”, - гуфта шудааст дар қарор.
Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.
Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.
Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.
Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.




Курбони Собир о съёмках «Сияния звёзд»: как он стал Джоми
Судья Конституционного суда Таджикистана погиб после падения с девятого этажа
США призвали своих граждан немедленно покинуть Иран. С аналогичным обращением выступила Швеция
Мирзиёев поручил пересмотреть Оборонную доктрину Узбекистана в связи с изменением характера войн
До 60 дней без регистрации. Таджикистан ратифицировал соглашение с Кыргызстаном о порядке взаимного пребывания граждан
Торговцев сгоревшего рынка «Гулистон» в Пенджикенте переселят в другое место
Как изменились позиции шахматистов Таджикистана в рейтинге ФИДЕ?
Флаг посольства Ирана в Таджикистане приспущен в знак траура
Трамп ввел пошлины в 25% для стран, ведущих бизнес с Ираном. Как это коснется Таджикистана?
В Душанбе в 2025 году милиция оштрафовала и арестовала более 160 гадалок и колдунов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста