Тими мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо мағлуб кардани дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи CAFA-2025 шуд шуд ва ҷомро болои сар бардошт.
Футболбозони навраси кишвар зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии ниҳоӣ муқобили Ӯзбекистон камбек карданд. Гарчанде дар нимаи аввал дастаи миллии Тоҷикистон дар ҳисоб (0:2) ақиб монда буд, вале то охири ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ тавонист натиҷаро 3:4 ба нафъи худ кунад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии Далер Каёсов бори сеюм ғолиби мусобиқаи CAFA гардид. Манбаъ гуфтааст, ки қаблан Каёсов бо тими наврасон дар солҳои 2022 ва 2023 низ ба гирифтани ҷоизаи мазкур даст ёфта буд.
Ҳамин тавр, ба дастаи Ӯзбекистон барои ишғоли ҷойи дуюм медалҳои нуқра супурда шуд.
Дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон 30-юми май барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Замони асосӣ бо ҳисоби мусовӣ (0:0) хотима ёфт. Дар задани силсилзарбаҳои пеналти кори туркманҳо омад кард – 7:6.
Мунтахаби Туркманистон ҷойи сеюмро гирифт ва бо нишонҳои биринҷӣ сарфароз гашт. Дастаи Қирғизистон чаҳорум шуд.
Инчунин бозии тасаллобахш барои ҷойи панҷум миёни тимҳои Эрону Афғонистон доир гардид, ки бо пирӯзии эрониҳо бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.
Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2025 бо иштироки шаш дастаи мунтахаби наврасони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон – аз 24-ум то 31-уми май дар Тошканд доир гардид.




Как фермеры Таджикистана борются с изменением климата? Наглядно
Таджикская валюта в 2025 году окрепла к доллару и евро, но ослабла к рублю
Сколько заработали таджикские бойцы в UFC в 2025 году?
Вышел зимний номер VIPzone: в нем самые яркие истории, идеи и главные лица 2025 года
В Таджикистане в 2025 году приостановили работу 186 объектов за нарушение санитарных норм
Долговая паутина Таджикистана: кто держит нити?
Виталий Левченко снова возглавит «Истиклол»: что известно о назначении
Amir Tour признана лучшей туркомпанией во внутреннем туризме в Таджикистане
Посол Таджикистана призвал студентов-таджикистанцев уважать ценности России
Американский инвестор-легенда купил акции компаний узбекской биржи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста