Дар чор моҳи охир Оҷонсии “Тоҷикстандарт” беш аз 191 тонна маҳсулоти бесифатро дар дӯконҳо ва бозорҳои Тоҷикистон ошкор кардаанд. Ин маҳсулот гӯшт, равған, ширинӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан, намак ва ғайра мебошад.
Дар ин бора аз Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Мақомот мегӯянд, ки дар 4 моҳи соли 2025 ба миқдори 191,7 тонна маҳсулоти гуногуни пастсифат ошкор шудаанд.
Маҳсулоти гӯштӣ -11 тонна, равғани растанӣ -1,3 тонна, нӯшокиҳои спиртӣ - 725 литр, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ - 1122 литр, маҳсулоти қаннодӣ - 267 кг, намак - 30 895 кг ва дигар маҳсулот дар озмоишгоҳҳои ин ниҳод ташхис ва ғайристандартӣ ҳисобида шудаанд.
“Қисми зиёди ин маҳсулот воридотӣ ба ҳисоб меравад, ки ғайристандартӣ дониста шуданд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд”,-гуфтанд дар ин ниҳод.
Назари худи соҳибкорон вобаста ба ин ҳолат маълум нест. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтаанд.
Дар ниҳоди манкур ҳам шарҳ надоданд, ки ин маҳсулоти пастсифат чӣ гуна ба кишвар ворид шуда, барои ин кӣ ва чӣ ҷазо гирифтаанд.
Худи соҳибкорон беш аз 84 ҳазору 377 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст, ба оҷонсӣ супоридаанд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 1 миллиону 11 ҳазору 801 кг маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта наздики 500 тонна кам аст.




«Невероятные масштабы загрязнения»: насколько велика угроза ИИ для климата?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 февраля 2026 года
Легенды сцены имени Айни. История звезд таджикской сцены и великих постановок
Тревожная статистика: за год в водоёмах Таджикистана утонули 180 человек
Центральная Азия в мировом рейтинге IFFHS: попал ли в него Таджикистан?
Исламские финансы и рынки капитала: итоги международного семинара в Душанбе
Природные катастрофы нанесли Таджикистану ущерб на более 20 миллионов сомони
Как получить социальное жилье в Таджикистане: все правила и особенности
Резкий рост конфликтов из-за водных ресурсов: данные с 2022 года
Эмомали Рахмон осудил террористическую атаку на мечеть в Пакистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста