Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи қарореро ба порлумон ирсол кардааст, ки мувофиқи он маблағи боҷи давлатӣ барои сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кишвар ду баробар зиёд мешавад.

“Азия-Плюс” бо нусхаи ин санад шинос шуда, ҷузъиёти пешниҳодҳои ҳукуматро маълум кард. Ин тағйирот, ки дар сурати қабул шудан эътибор пайдо мекунад, бори молиявиро бар дӯши ташкилоти гуногун афзоиш хоҳад дод.

Мувофиқи ин лоиҳа, боҷи давлатӣ барои бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ аз 50 нишондиҳандаи ҳозира (3 ҳазору 750 сомонӣ) ба 100 нишондиҳанда (7 ҳазору 500 сомонӣ) боло бурда мешавад.

Барои сабтиноми созмонҳои байналмилалӣ ё намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон, боҷи давлатӣ аз 100 нишондиҳанда (7 ҳазору 500 сомонӣ) ба 200 нишондиҳанда (15 ҳазор сомонӣ) афзоиш хоҳад ёфт.

Ташкилоти ҷамъиятӣ низ аз ин тағйирот канор нахоҳанд монд, зеро маблағи сабтиноми онҳо аз 10 нишондиҳанда ба 20 нишондиҳанда зиёд карда мешавад.

Ғайр аз ин, тарҳи мазкур пешбинӣ мекунад, ки вакилони дифоъ низ барои сабтином дар Вазорати адлия маблағи бештар пардохт хоҳанд кард. Аз ҷумла, бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳо аз 15 ба 30 нишондиҳанда ва мақоми минтақавии ин ташкилот аз 10 ба 20 нишондиҳанда боло бурда мешавад. Вакилоне, ки мехоҳанд бюрои адвокатӣ таъсис диҳанд, ба ҷойи 8 нишондиҳандаи ҳозира, акнун 16 нишондиҳанда месупоранд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар сол метавонад тағйир ёбад. Дар ҳоли ҳозир, арзиши як нишондиҳанда 75 сомониро ташкил медиҳад.

Дар бораи афзоиши сабтином ба таври комил аз тасвирбаёнҳои “Азия-Плюс” маълумоти дақиқ гирифта метавонед.

 

 

1/10

Афзоиши боҷи давлатӣ чӣ паёмад дорад?

Дар ҳоле ки ҳукумат сабабҳои афзоиши ин боҷҳоро ба таври расмӣ шарҳ надодааст, масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ин иқдом метавонад барои ташкилоте, ки захираҳои молиявии маҳдуд доранд, мушкилот эҷод кунад.

Дар се соли охир дар Тоҷикистон дастикам 1000 созмонҳои ҷамъиятӣ барҳам хӯрдааст. Ба гуфтаи як масъули созмони ҷамъиятӣ, ки нахост номаш зикр шавад, болоравии боҷ барои сабтином (ё азнавбақайдгирӣ) барои ташкилоти ҷамъиятӣ, бахусус онҳое, ки аз грантҳои хориҷӣ вобастагӣ доштанд ва ҳоло бо камбуди маблағ рӯ ба рӯ ҳастанд, метавонад монеаи ҷиддӣ эҷод кунад.

Ба ақидаи ӯ, ин метавонад боиси кам шудани шумораи ташкилоти ҷамъиятӣ ва маҳдуд шудани фаъолияти онҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кӯмаки иҷтимоӣ, рушди ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқ гардад.

“Чанд соли охир чандин ташкилоти ҷамъиятӣ бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонданд. Ин тағйирот боз як сабаби дигаре шуда метавонад, ки даҳҳо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳатто сабтином нашаванд ва ё аз кор монанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи коршиносон, ду баробар афзудани сабтиноми созмонҳои байналмилалӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳам паёмадҳои нигаронкунанда дорад. Дар зарфи 20 соли охир дар Тоҷикистон ҳизби нави сиёсӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ғайр аз ин, дар як даҳсолаи охир чанд ташкилоти маблағгузори байналмилалӣ фаъолияташонро дар Тоҷикистон қатъ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.