Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мулоқот карда, дар робита ба даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон ба мардуми Ҷумҳурии Исломӣ ҳамдардӣ кардааст.
Дар мулоқот, ки имрӯз, 4-уми июл дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон баргузор шуд, вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммити навбатии СҲИ баррасӣ шудааст.
Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишт, ки дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Эрон алоқаманд мебошад.
Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат кардаанд.

“Фаъолияти Неругоҳи обии Сангтуда-2 ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид”, гуфтааст Хадамоти матбуотии президент.
Бояд гуфт, ки даргирии 12-рӯза миёни Исроил ва Эрон, ки 13-уми июн бо ҳамлаи беасоси аввалӣ оғоз гардид, пас аз бомбафканиву мушакпартоиҳо, зарбаҳои ҳавоии Амрико ба Эрон ва посухи Теҳрони расмӣ ба он, рӯзи 24-уми июн, бо миёнҷигарии Амрико ва Давлати Қатар бо оташбас ба поён расид.
Мақомоти Эрон эълон карданд, теъдоди сокинони дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушташуда 935 тан гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи “The Times of Israel” бо такя Вазорати тандурустии Исроил навишта буд, ки аз мушакҳои партобкардаи Эрон 28 сокини Исроил кушта шудааст.
Қаблан, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ду изҳороти алоҳида ҳуҷуми Исроил ва ҳам бомбафкании Амрико ба Эронро маҳкум карда буд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 4-уми июл Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар 17-умин ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲИ ба Озарбойҷон сафар кард. Мавзӯи умумии ҳамоиш "Нигоҳи нави СҲИ барои ояндаи боэътимод ва ба иқлим устувор" гуфта мешавад.
Интизор меравад, дар ин ҳамоиш сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркия, Афғонистон ва Туркманистон ширкат кунанд.





В Таджикистане повысили штрафы за уклонение от уплаты налогов
Конкурс «Илм - фуруги маърифат» переходит в цифровой формат
В Согде задержан молодой мужчина, подозреваемый в убийстве соседа
На культуру и искусство в Таджикистане потратят 100 миллионов сомони. На что именно пойдут деньги?
Семь стран Европы направили военных в Гренландию
Узбекистан усилил охрану границы спецподразделением с беспилотниками Bayraktar
Мачадо «вручила» Трампу Нобелевскую премию мира в Белом доме
В Таджикистане резко похолодает и выпадет снег
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 января 2026 года
Кто и как заполняет таджикскую Википедию?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста