Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” ҳикояи “Аспинасаб”-и Антон Чехов, нависанда ва драматурги машҳури рус дар тарҷумаи Обиди Шакурзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.
Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддинро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.
Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани ҳикояҳои Антон Чехов дар тарҷумаи Обиди Шакурзода оғоз карданд.
Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.
Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.



Радиочастоты в Таджикистане подорожали в сотни раз
Примет ли Таджикистан участие в Зимней Олимпиаде-2026 в Италии?
В Душанбе пресечена шумная вечеринка подростков: изъяты ножи, назначены штрафы
В Душанбе закупочные тарифы на тепло вырастут на 17%. Подорожает ли отопление для населения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 января 2026 года
Минимум сахара и подвижные игры: как ребенку бороться с лишним весом?
«Озоди» сообщило еще об одном таджикистанце, погибшем на войне в Украине
В Душанбе снесут еще один дом с советской мозаикой
Таджикские врачи впервые провели бескровную операцию по удалению опухоли поджелудочной железы
Мировой список в дзюдо: Нурали Эмомали – лидер у мужчин, Александра Кан – у женщин
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста