Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки лоиҳаи Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ӯзбекистон оид ба принсипҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика маъқул дониста шуда, ба имзо расад.

Дар лоиҳаи санад, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст, интиқоли барқ аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷм ва шартҳои интиқол бо Шартномаи алоҳида дар бораи хариди барқ байни ҶСК “НБО Роғун” ва ҶС “Узэнергосотиш” муайян карда мешаванд.

Нархи нерӯи барқи нақшавӣ аз ҶСК “НБО Роғун” 3,4 сенти ИМА (бо назардошти ААИ, ки аз рӯи меъёри сифр пардохт мешавад)-ро ташкил дода, бояд ҳамасола дар ҳаҷми як фоиз аз нархи муқарраршуда барои тамоми давраи амали шартнома индексатсия шавад.

Индексатсия аз соли дуюми интиқоли барқи нақшавӣ мавриди амал қарор мегирад.

Барқи нақшавӣ аз нерӯгоҳи “Роғун” ба Ӯзбекистон тибқи ҷадвали мувофиқашудаи операторони ду кишвар бештар дар соатҳои камбуди иқтидор дар низоми электроэнергетикии Ӯзбекистон, тариқи хатҳои байнидавлатӣ интиқол дода мешавад.

Интиқоли барқ аз нерӯгоҳи “Роғун” ба Ӯзбекистон ҳамзамон бо интиқоли барқ аз ҶСК “Барқи тоҷик” амалӣ мешавад.

Дар давраи сохтмони НБО “Роғун” таҳвили нерӯи барқ дар мавсими обёрӣ (аз 1 апрел то 30 сентябр) таъмин мегардад.

Пас аз бо иқтидори пурраи лоиҳавӣ ба истифода додани НБО “Роғун” нерӯи барқ дар давоми сол ҳар моҳ таъмин карда мешавад.

Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи хаттии дипломатӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.

Созишнома ба муддати 20 сол баста мешавад ва ба ҳар давраи 10-солаи минбаъда тамдид карда мешавад, агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо 6 моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати навбатии амали Созишномаи мазкур ба Тарафи дигар тавассути каналҳои дипломатӣ хаттӣ дар хусуси нияти худ ҷиҳати қатъ кардани амали Созишномаи мазкур хабар надиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ҶСК “Барқи тоҷик” аз соли 2018 дар давраи обёрӣ ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол медиҳад.

Дар бораи НБО “Роғун”

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори муқарраршудаи 3780 МВт бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он аз 14,4 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад.

Дар толори мошинҳо 6 агрегат бо иқтидор 630 МВт ҳар кадоме насб мешавад. Ба истифода додани агрегати охирин соли 2029 дар назар аст.

Айни замон ду агрегати аввали нерӯгоҳи “Роғун” бо иқтидори паст кор мекунанд, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди истифода қарор гирифта буданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли 2024 дар НБО “Роғун” 1 млрд 220 млн кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки ба ҳудуди 5,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.