Дар нашри навбатии лоиҳаи “Аудиокитоб бо Субҳон Ҷалилов” қисми дуввуми ҳикояи “Гуреза”-и Антон Чехов, нависанда ва драматурги машҳури рус дар тарҷумаи Обиди Шакурзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик манзури ҳаводорони китоб гардонида мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.
Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ ва “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддинро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.
Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани ҳикояҳои Антон Чехов дар тарҷумаи Обиди Шакурзода оғоз карданд.
Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.
Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.



TajikBorn: как один проект продвигает культуру Таджикистана в цифровом мире
Наставники всех клубов высшей лиги-2026 Таджикистана: какие задачи перед ними стоят
В Душанбе в 2026 году будут построены новые многоуровневые паркинги — мэрия
В Таджикистане выявили многомиллионные приписки электроэнергии на лицевые счета потребителей
Жизнь после колонии. Почему бывшим заключённым в Таджикистане трудно начать заново
В Таджикистане свыше 400 женщин отбывают наказание в колонии
Таджикистан вошёл в число импортозависимых экономик мира
В Душанбе тротуарные плитки теперь будут матовыми
Сокровищница Согда: главные достопримечательности северного Таджикистана
Starlink анонсировал приход в Таджикистан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста