Дар шаш моҳи охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо сабаби қочоқи маводи мухаддир 10 задухӯрди мусаллаҳона байни нирӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқчиёни мусаллаҳи афғонистонӣ рух додааст. Дар ин бора Зафар Самад, раиси Агентии зиддинашъаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли Зафар Самад менависад, дар ҷараёни даргириҳо 4 ҷинояткори маводи мухаддир, ки ҳама шаҳрвандони Афғонистон будаанд, безарар гардонида шудаанд.

Ӯ афзудааст, бештари ин даргириҳо дар манотиқи марзии вилояти Бадахшони Афғонистон бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бабахшони Тоҷикистон рух дода ва дар бархе маворид қочоқчиён бо силоҳҳои сангин ва таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз будаанд.

Ин даргириҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст: дар шаш моҳи соли 2024-ум 6 даргирӣ сабт шуда будааст.

“Афғонистон ҳамчунон манбаи аслии воридшавии маводи мухаддир ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 692 килограмм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки ҳаҷми он 54,4 фоизи мусодираи ҷумҳуриро ташкил медиҳад”, - гуфтааст Зафар Самад.

Агентӣ таъкид кардааст, ки дар шароити ноороми вазъи Афғонистон Тоҷикистон тадобири амниятӣ дар марзро тақвият бахшида, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддирро низ афзоиш медиҳад.

Чанде пеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар дода буд, ки сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро кушта, беш аз 70 кг маводи мухаддир ва силоҳу тир мусодира кардаанд.

Аз ҷойи ҳодиса он вақт чунин чизҳо пайдо ва мусодира шуда буд:

- 1 автомати Калашников АК-74;

- 3 тирдон ва 87 дона тири қутраш 7,62

- 71 килограмму 929 грам нашъаи навъи ҳашиш.

Аз ин пештар ҳам дар вилояти Хатлон як гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ, бо гумони муомилоти қариб 180 кг маводи мухаддир, ки аз Афғонистон қочоқ карда, мехостанд ба хориҷи кишвар баранд, боздошт шуда буданд.

 

Аз нишасти матбуотии Агентии зиддинашъа

Мусодираи маводи мухаддир

Ба иттилои раиси Агентии зиддинашъаи Тоҷикистон, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3 тоннаву 107 кило маводи нашъаовар аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (3 тоннаву 96 кг 616 гр) 10 кг 388 гр зиёдтар аст.

Ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар алоҳидагӣ чунин мебошад:

– Вазорати корҳои дохилӣ 1 тоннаю 176 кг (2024 – 2 тоннаю 89 кг 232 гр);

Кумитаи давлатии амнияти миллӣтоннаю 459  кг (2024–789 кг 56 гр);

– Агентии зиддинашъа384 кг 440 гр (2024-217 кг 820 гр);

Хадамоти гумрук 83 кг 220 гр (2024 – мусодира надорад);

– Агентии зиддифасод3  кг 92  гр (2024 – 508 гр).

Инчунин, ба гуфтаи манбаъ, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 155 кг 536 гр моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024 – 71  кг 533  гр  ё  85  фоиз зиёд мебошад.

Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазору 741 (2024 – 13 ҳазору 731) воситаҳои нашъадор дар намуди ҳаб (таблетка) мусодира гардидааст, ки аз ин шумора 15 ҳазору 824 ҳабро Агентӣ мусодира намудааст.

Дар ин давра аз ҷониби Агентӣ  86 (2024 – 55) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –56 фоиз (31 ҷиноят) зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, Агентӣ дар шаш моҳи аввали соли 2025 фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятиро (2024 – 15) дар ҳайати 53 нафар (2024 – 37), ошкор ва қатъ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.