Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон дар зимистони оянда як чоряк кам мекунад. Сабаби ин амал мушкилоти дохилӣ дар таъминоти барқ мебошад. Ин хабарро директори генералии ширкати миллии энергетикии Афғонистон "Брешно" Абдул Барӣ Умар дар мусоҳиба бо канали телевизионии Amu.tv додааст.
Ӯ гуфтааст, ки Афғонистон аз барқи воридшуда зиёд вобаста аст, ки бештари он аз Тоҷикистон меояд.
“Дар айни ҳол Кобул ва якчанд вилоят аз Тоҷикистон барқ мегиранд. Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин зимистон мо 25 дарсад камтар аз соли гузашта барқ хоҳем гирифт”, - гуфтааст Абдул Барӣ Умар.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон одатан ҳар сол тақрибан 150 мегават барқ ба Афғонистон мерасонад.
Amu.tv зикр мекунад, ки Афғонистон бо камбудии шадиди барқ мувоҷеҳ аст. Зиёда аз нисфи эҳтиёҷоти шабонарӯза - тақрибан 720 МВт аз 1500 МВти зарурӣ аз ҳисоби воридот аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пӯшонида мешавад.
Ба навиштаи манбаъ, сокинони Кобул аллакай аз ҳолатҳои зиёди қатъи интиқоли нерӯи барқ шикоят доранд. Имрӯз танҳо тақрибан 40 дарсади аҳолии Афғонистон бо барқ таъминанд ва ин мушкил ба зиндагии аҳолӣ ва тиҷорати онҳо таъсири манфии шадид мерасонад.
Мутобиқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 718 млн киловат-соат барқ ба арзиши 312 млн сомонӣ (тақрибан 33 млн доллар) содир кардааст. Ин тақрибан 64 дарсади ҳаҷми умумии содироти барқи Тоҷикистонро дар ин давра ташкил медиҳад. Ҳаҷми солонаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон одатан тақрибан 1,5 млрд кВт\с ташкил медиҳад.
Қисми зиёди содироти барқи Тоҷикистон ба вақти мавсими гармӣ рост меояд, зеро дар давраи тирамоҳ-зимистон худи ҷумҳурӣ бо камбуди барқ рӯ ба рӯ мешавад.
Зимистони гузашта сокинони минтақаҳои Тоҷикистон дар шабонарӯз 3 соат субҳ ва 5 соат бегоҳ барқ мегирифтанд. Маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар музофоти кишвар аз даҳаи охири сентябр оғоз шуд. Барқро на танҳо барои истеъмолкунандагони маишӣ, балки барои нуқтаҳои савдо ва корхонаҳои хурд низ қатъ мекарданд.
Содироти барқ ба Афғонистон дар доираи созишномае амалӣ мешавад, ки соли 2008 байни ду кишвар баста шудааст. Муҳлати амали ин созишнома 20 сол аст. Тарафҳо дар охири ҳар соли тақвимӣ протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқол ва нархи барқ барои соли оянда муайян карда мешавад.





Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Пенсионеров Таджикистана переводят на цифровую идентификацию
20 метров в сутки: Ледник Дехдал в Таджикистане снова начал двигаться
Ушел из жизни ветеран «Памира» Владимир Сысенко
В отношении двух жителей Таджикистана составлен протокол за незаконный отлов щеглов
Театр оперы и балета возродит мужские национальные танцы
В Душанбе задержали четверых мужчин в центре «Dream»
МВД Таджикистана прокомментировало пожар на территории рынка «Корвон»
Таджикистанец Екубов подписал контракт с LFA: бой уже в новом году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста