Аз 5 то 8-уми августи соли 2025 дар Маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” дар шаҳри Душанбе мутахассисони чинӣ кӯдакону наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд. Инчунин даҳ нафар кӯдакону наврасон, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Ян Хуэй, роҳбари Маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” иттилоъ дода, гуфт, аз байни беморон кӯдакону наврасони оилаҳое, ки имконияти гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дилро надоранд, дар Чин ҷарроҳӣ карда мешаванд.

“Мо соли гузашта ҳам даҳҳо бемори нуқсони дилро ройгон ташхис карда, даҳ нафари онҳоро ба Чин бурдем. Шаш нафари ба Чин бурдаро ҷарроҳӣ кардему чаҳор нафари дигарро бинобар адами зарурати ҷаррорӣ, табобат кардем”, - гуфт Ян Хуэй.

 

Ян Хуэй
Asia-Plus

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ҳамасола ин иқдомро баргузор намоянд, зеро теъдоди кӯдакони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил меафзояд.

Хоҳишмандон метавонанд барои ташхиш ва табобат ба ин марказ дар нишонаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи С.Абдуллоев 45/1 ё бо рақамҳои +992 988 27 02 20, +992 900 85 99 99 муроҷиат кунанд.

 

Asia-Plus

Дар бораи ташхису табобати ройгон дар соли гузашта ва бозгашти кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин дар ин пайвандҳо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.