ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 16 ОКТЯБР
- Дар Тоҷикистон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” идома дорад. Имрӯз соати 11:00 дар Осорхонаи миллӣ ба муносибати 60-солагии Бахтиёр Худойназаров, коргардони шинохтаи синамои тоҷик форуми байналмилалӣ доир мегардад.
- Имрӯз дар толорҳои синамои пойтахт 10 филм аз кишварҳои гуногун ба намоиш гузошта мешавад. Вуруд озод аст. Дар баргаҳои мо бубинед, ки кадом филм кай ва дар кадом толор ба тамошо гузошта мешавад.
- Имрӯз, соати 17:00 дар доираи Симпозиуми байналмилалии «Фалак», дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ “Ҳамоиши байналмилалии фалак-2025” баргузор мегардад. Дар он ҳунармандон аз кишвари Озарбойҷон иштирок мекунанд. Ҳамчунин, ҳунарнамоии фалаксароёни тоҷик аз манотиқи Суғду Хатлон, Бадахшон, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Файзобод, ва ҳунармандони ансамбли давлатии “Фалак” дар назар аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ОКТЯБР
16-уми октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи синамои тоҷик таҷлил мешавад. Сабаби интихоб шудани ин сана ба намоиши аввалин филми ҳуҷҷатӣ дар бораи омадани аввалин қатора ба Душанбе, ки 16-уми октябри соли 1929 иттифоқ афтод, рабт мегирад. Ин санаро оғози кинематографияи тоҷик мешуморанд. Ба муносибати Рӯзи синамо чанд сол инҷониб дар кишвар ҳамоишу фестивал ва синамоҷашнвораҳо баргузор мешаванд.

Соли 1929 – Эъломия дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шуда, дар ҳайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор, ки дорои 1 миллиону 220 ҳазор аҳолӣ буд, ташкил ёфт.
Соли 1939 – Аввалин операи тоҷикӣ “Шӯриши Восе” ба саҳна гузошта шуд.
Соли 1998 – Аввалин шумораи ҳафтаномаи “Авиценна” ба нашр расид.
Соли 2004 – Владимир Путин, президенти Русия аввалин маротиба ба Душанбе омад. Дар пайи он як қатор санадҳо дар бораи сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоил имзо шуданд.
Соли 2014 – Дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки президентҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расид.

Соли 2019 – “Азия-Плюс” ба нашри "AP Expert", бюллетени таҳлилӣ оғоз кард.
Соли 2019 – Парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишварро тасдиқ кард, ки дар он пешниҳод мешуд, ҷазо барои истифодаи шиканҷа сахттар шавад. Мувофиқи он, барои шиканҷа аз 2 то 5 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардид. Қаблан барои ин ҷиноят то 912 нишондиҳанда ҷарима баста мешуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1915 – Мавлуди Иржи Бечка, ховаршиноси маъруфи чех, ки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ ҳаст. Ӯ дар таҳқиқу тарғибу омӯзиши адабиёти классик ва муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Вай чанд сол раиси Ҷамъияти равобити дӯстии Чехия ва Эрон, Тоҷикистону Афғонистон ва сардабири маҷаллаи “Бӯстон” низ буд.
Соли 1898 – Зодрӯзи Чинор Имомов, арбоби давлатии тоҷик.

Чинор Имомов яке аз сиёсатмадорони намоёни тоҷик дар даҳаҳои дувум ва сеюми асри 20, роҳбари нахустини Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон ва сарвари коммунистони ин ҷумҳурии навтаъсис буд.
Ӯ моҳи декабри соли 1918 раиси кумитаи инқилобии уездию шаҳрии Истаравшан (Уротеппа) интихоб гардид. Солҳои 1920-1922 роҳбарии кумитаҳои ҳизбии уездию шаҳрии Ҷиззах ва Самарқандро ба уҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 1923 ба вазифаи ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат ва Комиссари халқии Инспектсияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон пешбарӣ шуд.
Ин айём Имомов дар рушди соҳаи маориф, бахусус ташкили мактабҳои тоҷикӣ дар Туркистон ва таълифу нашри китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ ҷаҳди зиёд карда, дар таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки нахустин рӯзномаи тоҷикон дар даврони Шӯравӣ буд, саҳми калон доштааст.
Аммо тақдири сиёсии солҳои 30-юми асри XX ба ӯ ҳам раҳм накард. Дар давраи саркӯбҳои сиёсӣ, вақте бисёр чеҳраҳои маъруфи миллӣ, монанди Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Файзулло Хоҷаев ва дигарон қурбони тӯҳмату дасисаҳо шуданд, Чинор Имомов ҳам дар моҳи июли соли 1937 боздошт ва моҳи октябри соли 1938 ба марг маҳкум шуд.
Соли 1951 – Зодрӯзи Ҷамолиддин Мансуров, ҷонишини пешини сарвазири Тоҷикистон.
Ҷамолиддин Мансуров, арбоби давлатии тоҷик, солҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият намуда, ҳоло бознишаста аст. Фаъолияти ӯ ҳамчун иқтисодчӣ дар ноҳияи Ҳисор оғоз шуда, сипас дар идораҳои гуногуни ин ноҳия кор кардааст. Муддате раиси Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор буда, сипас ҳамчун раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе кор кардааст.
Ӯ соли 1994 ҷонишини сарвазири Тоҷикистон интихоб шуда, то соли 2001 дар ин мансаб буд. Ҳамчунин вакили парлумон буд ва аз соли 2001 дар вазифаи ҷонишини раиси парлумони Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Номбурда соли 2005 бознишаста шуд.
Соли 1958 – Мавлуди Сайдаҳмади Зардон, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Соли 1986 – Фазлиддин Муҳаммадиев, Нависандаи халқии Тоҷикистони шуравӣ дар синни 58 кушта шуд.

Фазлиддин Муҳаммадиев яке аз нависандагони саршиноси адабиёти даврони шӯравии тоҷик аст. Ӯ фаъолияти кориашро дар рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Газетаи муаллимон”, “Занони Тоҷикистон”, “Шарқи Сурх” дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Муҳаммадиев як муддат узви коллегияи сенариянависони Киностудияи “Тоҷикфилм” буд ва баъдан дар нашриёти “Ирфон”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии Тоҷикистон, Кумитаи давлатӣ оид ба синамо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ муаллифи очерку қиссаву романҳои “Муҳоҷирон”, “Таркише, ки ба амал наомад”, “Одамони куҳна”, “Дар он дунё”, “Палатаи кунҷакӣ”, “Варта”, “Сози Мунаввар” аст.
“Тоҷикфилм” аз рӯи филмномаҳои ӯ филмҳои “Задухӯрд”, “Субҳи ватани ман”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”-ро рӯйи саҳна овардааст.
Драмаи “Арӯси охирини амиралмуъминин”-и ӯ дар Театри академии драмавии Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудааст.
Фазлиддин Муҳаммадиев 16-уми октябри соли 1986 дар пайи як кордзании чанд тан ҷон бохт.
Соли 2000 – Зодрӯзи Нурулло Алиев, размкори муҳорибаҳои омехта.

Нурулло Алиев яке аз варзишгарони ҷавон ва умедбахши тоҷик дар риштаи муҳорибаҳои омехта буда, дар муддати кӯтоҳ тавонист дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кунад.
24-уми декабри соли 2020 ӯ дар мусобиқаи "Fight Nights Global: Winter Cup", 17-уми сентябри соли 2021 дар мусобиқаи хотиравӣ ба номи Абдулманноп Нурмуҳамедов пирӯз гардид.
Соли 2022 ӯ дар намоишномаи "Dana White’s Contender Series" ғолиб омада, бо UFC шартномаи расмӣ имзо намуд, ки аз бузургтарин муваффақияташ дониста мешавад.
Моҳи феврали соли 2023 Нурулло Алиев дар мусобиқаи "UFC Vegas 70", пирӯз шуд, ки ин ғалаба аввалин баромади муваффақонаи ӯ дар октагонҳои UFC буд.
Соли 2003 – Ибодулло Файзулло, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар синни 68 аз олам чашм баст.

Ибодулло Файзулло аз фелетоннависони маъруфи тоҷик буда, ҳанӯз дар оғози фаъолияти худ дар матбуоти тоҷик ҳамчун фелетоннависи бомаҳорат ном бароварда буд.
Ӯ муаллифи беш аз 100 фелетон буда, “Қиссаи Алексей- эшон”, “Мараз”, “Соқӣ-соқиҷон”, “Кочубейи ворухӣ”, “Заҳҳоки морон”, “Шайтони ҳисобу китоб”, “Равғанҳои саргардон”, “Хӯрдагиашон аз биниашон баромад”, “Пистаи бемағз”, “Об аз таги ях меравад” унвони чандле аз онҳост.
Ибодулло Файзуллоев солҳо фаъолияти рӯзноманигорӣ карда, дар рӯзномаҳои “Тоҷикистони Советӣ”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ” ва “Паёми Душанбе” буд
Соли 2020 – Алӣ Бобоҷон, шоир ва нависандаи тоҷик дар синни 84 даргузашт.

Алӣ Бобоҷон яке аз адибони забардасти тоҷик буда, асосан барои кӯдакону наврасон эҷод кардааст. Ашъори барои кӯдакон эҷодшудааш дар маҷмӯаҳои “Мусича”, “Гули бодом”, “Усто парасту”, “Зардолуи моҳтобӣ” “Алифбои парандаҳо” ва дигар маҷмуаҳо интишор гардидаанд.
Алӣ Бобоҷон асарҳои насрӣ низ эҷод намуда, дар тарҷумаи як қатор асарҳои кӯдакона ба забони тоҷикӣ низ саҳм дорад. Як қатор таронаҳояш ба оҳанг дароварда шуда, намунаҳои беҳтарини таронаҳои кӯдакона маҳсуб меёбанд.
Соли 2020 – Содиқҷон Рустамӣ, муовини вақти вазири саноат ва технологияҳои нав дар синни 56 аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
16-уми октябр ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии нон таҷлил мешавад. Нон яке аз қадимтарин ва дӯстдоштатарин маҳсулоти одамон буда, ин рӯз ба таъсиси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар соли 1945 рабт мегирад.

Бино ба таҳқиқоти олимон, аввалин шаклҳои нонпазӣ тақрибан 8 ҳазор сол қабл ба вуҷуд омада буданд. Дар оғоз одамон аз гандум ва об хамира омода карда, онро ҳамвор карда, дар рӯи сангҳои тафсон мепухтанд.
Гуфта мешавад, ки Миср аввалин кишваре буд, ки усули тайёр кардани нонро аз хамир кашф кард. Имрӯз дар ҷаҳон тарзҳои гуногуни нонпазӣ маъмул аст.
Ҳамасола 16-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ таҷлил мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи мушкилоти гуруснагӣ ва норасоии ғизо дар ҷаҳон аст.

Бо вуҷуди пешрафтҳо, тибқи иттилои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, имрӯз ҳам тақрибан 821 миллион нафар дар ҷаҳон аз гуруснагӣ азият мекашанд.
16-уми октябр ҳамчунин Рӯзи раҳбар (Boss’s Day) таҷлил мешавад. Ин рӯз ба қадрдонии шахсоне бахшида шудааст, ки масъулияти роҳнамоӣ ва идоракунии даста ё муассисаро ба дӯш доранд.
Раҳбарӣ танҳо як вазифа набуда, масъулият ва қобилият талаб мекунад. Ин рӯз таъкид мекунад, ки пушти муваффақияти ҳар як идора ё муассиса роҳбари оқилу нуктадон меистад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи шабакасозӣ (Нетворкинг) таҷлил мегардад. Нетворкинг ин қобилияти пайваст шудан, мубодилаи маълумот, таҷриба ва имкониятҳо аст.
Тавассути чунин иртиботҳо, одамон метавонанд идея, шарик ва ё имкониятҳои нав пайдо кунанд. Дар ҷаҳони муосир, ки робитаҳо нақши асосӣ доранд, нетворкинг калиди пешрафт маҳсуб мешавад.

16-уми октябр ҳамчун Рӯзи табиби ҳассосиятшинос (аггерголог) таҷлил мегардад. Онҳо табибоне ҳастанд, ки ба табобат ва пешгирии бемориҳои марбут ба низоми иммунӣ ва вокунишҳои аллергӣ машғуланд.
Имрӯз ҳассосият аз бемориҳои паҳншуда ба шумор меравад. Мутахассисон онро “бемории замони муосир” меноманд, зеро шумораи одамоне, ки ба аллергия гирифтор мешаванд, сол ба сол меафзояд.

16-уми октябр ҳамчунин Рӯзи анестезия ё анестезиологҳо аст. Анестезия ҳолате аст, ки дар натиҷаи истифодаи доруҳои махсус ҳисси дард муваққатан аз байн меравад.
Ин сана ба аввалин истифода аз анестезияи эфирӣ, ки 16-уми октябри соли 1846 аз ҷониби Томас Мортон, табиби амрикоӣ анҷом шуд, рабт дорад. Ин рӯйдод оғози як давраи нав дар илми тиб буд. Аз он рӯз ба баъд, ҷарроҳиҳо барои беморон бетаъсир аз дард гузаронида мешаванд.

16-уми октябри соли 1964 Ҷумҳурии Халқии Чин аввалин санҷиши ҳастаии худро анҷом дод. Ин озмоиш дар наздикии кӯли Лобнор, воқеъ дар минтақаи Синҷян-Уйгур сурат гирифт.
Бо ин санҷиш, Чин ба панҷумин кишваре табдил ёфт, ки соҳиби силоҳи ҳастаӣ гардид. Ин рӯйдод нуфузи сиёсиву ҳарбии Чинро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшид ва оғози давраи нави тавозуни қудрат дар Осиё гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард, рӯзона 7+12º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 20+22º гарм.



