Ҷасади Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон тибқи расму ойини мусалмонӣ дар оромгоҳи назди маҷмааи ёдгории Шоҳи-Зинда ба хок супурда шуд. Волидони ӯ низ дар ин оромгоҳ дафн шудаанд.

Дар маросими дафни президенти Ӯзбекистон ҳайати 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони Афғонистон, кишварҳои минтакаи Осиёи Марказӣ, Гурҷистон, Кореяи Ҷанубӣ, Белорус ва Украина иштирок карданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо ҳайати ҳароҳонаш дар ин маросим ҳузур дошт.