Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus
Бекор кардан 

Дар бораи мо


Asia-Plus: 29 сол дар бозори иттилоотии Тоҷикистон!
Эътимоднокии бо гузашти замон санҷидашуда.
ASIA-Plus – гурӯҳи расонаҳои мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз се ширкати мустақил - Агентии иттилоотӣ, Нашрия ва Ширкати телевизиону радио иборат аст, ки зери як тамға (бренд) фаъолият мекунанд.

Агентии Иттилоотӣ
Агентии иттилоотии мустақили Тоҷикистон ASIA-Plus тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шуд. Моҳи апрели соли 1996 нахустин шумораи варақаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ нашр шуд. ASIA-Plus дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шабакаи хабарнигорони худро дорад. Имрӯз аз хизматгузориҳои иттилоотии Агентии ASIA-Plus сохторҳои давлатии Тоҷикистон, парлумони кишвар, вазорату идораҳо, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ, ҳамаи сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва аксари созмонҳои байнулмилалии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта истифода мекунанд. Агентӣ бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хизматгузориҳои иттилоотӣ пешниҳод мекунад. Аз рӯи шумори корбарон дар Интернет-паҳнои TJ портали иттилотии   asiaplustj.info  бидуни шубҳа пешсаф аст.

Нашрия
Газетаи ҷамъиятӣ-сиёсии ASIA-Plusаз моҳи январи соли 2000 ба нашр мерасад. Бо ҷоизаи Иттиҳоди журналистони ҶТ ба номи А.Лоҳутӣ қадрдонӣ шудааст. Миёни нашрияҳои мустақили кишвар газетаи "Азия-Плюс" шумори аз ҳама бештари нашр дошта, дар бозори нашрияҳои чопии Тоҷикистон устуворона мавқеи пешсафиро касб кардааст.
Маҷаллаи рангаву пурҷилои VIPzone замимаи иттилоотиву фароғатӣ ба газетаи ASIA-Plus, буда, аз моҳи марти соли 2008 чоп мешавад

Ширкати телевизиону радио
Радиои ASIA-Plus - нахустин шабакаи мустақили радио дар Душанбе аст. Шабака 9 сентябри соли 2002 ба фаъолият оғоз намуда, шабонарӯзӣ 24 соат бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барнома пахш мекунад. Муҳтавои барномаҳои радио иттилоотӣ ва мусиқӣ аст. Дар фосилаи ҳар як соат бахши хабарҳо манзур мегардад. Минтақаи фарогири пахши барномаҳо - шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа. Аз соли 2014 пахши барномаҳои радио тариқи онлайн бо Интернет оғоз гардид.
ТВ-продакшн студия.  Бо таҷҳизоти рақамии DVCAM таъмин аст. Ҳама гуна навъҳои навори видео, гузоришҳои иттилоотӣ, филмҳои мустанад ва таълимӣ, наворҳои рекламавӣ, клипҳои мусиқавиро таҳия карда метавонад.