Дар як ҷашнвораи ҷавонон дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон 5 духтар намоишкорона ҳиҷобҳои худро партофтаанд. Мақомот мегӯянд, касе ин духтаронро маҷбур накардааст, ки дар маҳзари ом аз сатр даст бикашанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, рӯзи 29 июл дар ҷашнворае, ки Иттифоқи ҷавонони Узбекистон дар маҳаллаи Гулободи ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё баргузор кард, 5 духтари ҳиҷобпӯш дар маҳзари ом аз пӯшидани сатр даст кашида, дар пеши чашми ҳозирон ҳиҷоби худро аз сар партофтаанд.

Ҳокими вилояти Сурхондарё Эркинҷон Турдимов дар саҳифааш навишт, "духтароне ки ба ҷараёнҳои мазҳабӣ таваҷҷӯҳ доштанд, аз ҷашнвораи ҷавонон рӯҳбаланд шуда, ҳиҷобҳояшонро аз сар гирифтанд ва дар чорабинӣ ба таври фаъолона иштирок карданд.”

Турдимов дар пайи баҳси гарме, ки дар зери ин хабар бархост, матлабаш дар бораи ҳиҷобпартоии духтарон дар Музрободро аз саҳифааш гирифт, вале баҳсҳо дар ин мавзӯъ ҳамчунон идома доранд.

Бисёриҳо ҳиҷобпартоӣ дар Сурхондарёро бо маъракаи машҳури "Ҳуҷум” дар солҳои 20 шабоҳат додаанд. Дар он солҳо ҳукумати Шӯравӣ бо ҳадафи мубориза бо диндорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъракаи густардаеро бо номи "Ҳуҷум” ба роҳ андохта буд. Дар ҷараёни ин маърака занҳои маҳаллиро маҷбур мекарданд, ки дар чорабиниҳои пуриздиҳом фаранҷиашонро аз сар кашида, ба оташ биандозанд. Дар ин бора дар бойгониҳо наворҳои зиёде то ҳол маҳфуз аст.

Аммо мақомоти маҳаллӣ дар Сурхондарё ба кашидани ҳиҷобҳояшон маҷбур кардани духтарон дар ҷараёни ҷашнвораи ҷавонон дар ноҳияи Музрободро рад мекунанд.

Ёвари ҳокими ин ноҳия барадиои "Озодлик” гуфт дар ҳақиқат дар маҳаллаи Гулобод таҳти шиори "Фидойинг бўлгаймиз сени, Ўзбекистон!” ("Ҷону дилам фидоят, Узбекистони азиз!” бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Узбекистон ҷашнвораи ҷавонон баргузор гардид, вале духтарон дар ин чорабинӣ бо хоҳиши худ аз ҳиҷоб даст кашидаанд.

Ин мақоми маҳаллӣ мегӯяд, "ҳукумати ноҳия ба онҳо фармон надодааст, ки рӯймолашонро аз сар бигиранд. Ин духтарон таҳти таъсири волидонашон, ки ба ифротгароии динӣ майл доранд, ҳиҷоб пӯшида буданд ва ҳоло ихтиёран аз пӯшидани сатр даст кашиданд.”

Як узви фаъоли Иттифоқи ҷавонон дар вилояти Сурхондарё ба "Озодлик” гуфтааст, ба сифати маҳалли баргузории ҷашнвораи ҷавонон интихоб шудани маҳаллаи Гулобод беҳадаф набуд. Ба гуфтаи ӯ, маҳаллаи Гулобод бо сатҳи баланди гароиши сокинонаш ба равияҳои тунди мазҳабӣ маъруф аст ва чандин сокини ин маҳалла ба гурӯҳҳои тундрав пайваста, беномунишон ғайб задаанд: "Ҷашнвора дар Гулобод ба хотири пешгирии паёмадҳои ногувори ифротгароии динӣ доир карда шуд. Дар бораи ҳиҷобпартоии ин духтарон дар Интернет ахбори мухталиф нашр шуд. Ҳамчун як шоҳиди ин ҷашнвора метавонам бигӯям, ки ин духтарон фаҳмида рӯймолҳои худро аз сар гирифтанд. Ин интихоби худи онҳо буд.”

Як мақоми ҳокимияти вилояти Сурхондарё низ аз ҳиҷоб даст кашидани ин 5 духтар дар Музрободро маҳсули корҳои фаҳмондадиҳии мақомот дар байни аҳолӣ, ба хусус бо онҳое, ки ба далели гароишашон ба равияҳои ифротӣ ба рӯйхати сиёҳ афтодаанд, номидааст.