Дар даври дуюми мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатасияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҳамсолони худро аз Афғонистон мағлуб кард.

Бозӣ рӯзи 7 июл дар варзишгоҳи “Қурмонбек” дар шаҳри Ҷалолобод (Қирғизистон) баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони ҷавони тоҷик анҷом ёфт.

Сурат: ФФТ

Гуфта мешавад, голи ягонаро ба дарвозаи футболбозони Афғонистон Азизбек Далиев ба самар расонид.

Ин бозии якуми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатасияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аст. Мунтахаби ҷавонон U-20-ро сармураббӣ аз Словения Милош Костич роҳбарӣ мекунад.

Сурат: ФФТ

Дар даври дигар рӯзи 9 июл, сешанбе мунтахаби ҷавонони Тоҷикистн бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Қурмонбек” соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.