Агентии Reuters бо истинод ба сарчашмаҳои дипломатӣ дар бораи марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хабар дод.
Се манбаи дипломатӣ ба агентии Reuters доир ба марги Ислом Каримов иттилоъ додаанд. «Бале, ӯ аз олам даргузашт», - гуфтааст яке аз сарчашмаҳо.
Дар маълумот зикр мегардад, ки нашрияи расмии «Народное слово» субҳи рӯзи ҷумъа бо такя ба ҳукумати Ӯзбекистон хабар додааст, ки вазъи солимии Президент Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст.
Ҳукуматдорони Ӯзбекистон алҳол ин хабарро тасдиқ накардаанд. Хабари охирин дар сомонаи ҳукумати Ӯзбекистон, субҳи рӯзи 2 сентябр нашр гардида, дар он оид ба ҳолати хеле вазнини вазъи солимии Каримов сухан мерафт. Зикр гардида буд, ки тайи шабонарӯзи гузашта вазъи солимии раҳбари давлати Ӯзбекистон хеле бад шудааст.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда духтари хурдии ӯ хабар дода буд, ки падараш хунравии мағзиро аз сар гузаронидааст.
Ҳукуматдорон дар бораи бистарӣ шудани президент мухтасар маълумот дода, хомӯширо ихтиёр карданд, ки ин ба овозаҳои зиёд дар бораи эҳтимоли даргузашти сарвари давлати ин кишвар боис гардид.
Қаблан Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд.



