Сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Раҳмон Одинаев рӯзи 17 июн аз мақомаш истеъфо дод. Мо аз ӯ сабабашро пурсидем.

“Тӯли ин қадар сол аз кор хаста шудам”, - гуфт Одинаев ба “Азия-Плюс” тариқи телефон.

- Бигӯед, худкушии Зариф Абдуллоев, ки назди бинои муасссаи шумо барои қарзашро надодани раёсат худро оташ зад, ба қарори шумо таъсир дорад?

- Ба ин ҳодиса мустақиман вобаста нест. Лекин баъди ин ҳодиса худро нороҳат ҳис карда, тасмим гирифтам, ки аз кор истироҳат мекунам.

Зариф Абдуллоев
Сурат: Радиои Озодӣ

- Шояд аз ҷониби раҳбарият фишор вуҷуд дошт?

- Не, ҳеҷ гуна фишоре набуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати молия қайд карданд, ки Раҳмон Одинаев яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи молияи вилоят мебошад.

“Дар ин низом ӯ 36 сол инҷониб кор мекунад. Мутаассифона, ҳозир қурбони ҳодиса шуд, чизе бешу кам не”, - гуфт ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ин раёсат.

Ёдрас мекунем, ки сокини шаҳри Кӯлоб Зариф Абдуллоев рӯзи 6 июн назди бинои Раёсати молияи шаҳр худро оташ зада, рӯзи 8 июн аз захмҳои сӯхтаи гирифта дар баданаш дар бемористон ҳалок шуд.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки Зариф Абдуллоев бо чанде аз боғчаҳои бачагонаи шаҳри Кӯлоб ҳамкорӣ доштааст ва онҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин мекардааст. Раёсати молияи Кӯлоб ба ӯ ваъда додааст, ки аз ҳисоби худаш боғчаҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин кунад ва баъдан маблағи ӯро пардохт хоҳанд кард. Вале Зариф Абдуллоев натавонистааст маблағи қарзашро бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Назарзода сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин ҳодисаро шарҳ дода изҳор дошт, ки Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб бо марҳум Зариф Абдуллоев ҳеҷ муносибате надоштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин корхона воқеъан бо чанд боғчаи бачагонаи шаҳри Кӯлоб дар асоси шартномаи дутарафа ҳамкорӣ доштааст. Мувофиқи маълумотҳо ин коргоҳи нонпазӣ дар соли 2018 ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2019 ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ ба боғчаҳо хидмат расондааст.

“Вале аз аввали соли равон қисме аз боғчаҳои бачагона аз хизматрасонии ин коргоҳ даст кашидаанд. Қарзи боғчаҳои бачагона дар назди коргоҳ ҳамаги 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам аз солҳои пеш аст”, - иброз дошт ӯ.

Лекин дар робита бо он, ки тайи чанд моҳи охир ин муассисаҳо бо сабабҳои ба ҳама маълум фаъолият надоштанд, байни ҷонибҳо созиш ҳосил шуда буд, ки қарзи монда давра ба давра пардохт мешавад.

Номбурда ҳамчунин қайд карда буд, ки Зариф Абдуллоев як рӯз пеш назди сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб омада, ваъдаи баррасии мушкилиро гирифта будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.