Рӯзи 1 декабр дар саросари дунё Рӯзи мубориза бо Бемории норасоии масунияти одам (БНМО, СПИД) ба қайд гирифта шуд.

Ҳадаф аз таҷлили ин сана беҳбуди сатҳи огаҳии мардум аз ин беморӣ ва таҷассуми ҳамраъйии байнулмилалӣ дар муқовимат бо пандемия унвон мешавад.

Вируси норасоии масунияти одам/Бемории норасоии масунияти одам (ВНМО/БНМО - ВИЧ/СПИД) тариқи хун, синамакконӣ ва алоқаи ҷинсӣ ба шахси дигар мегузарад. Лекин бисёриҳо инро надониста, аз беморон худро дур мегиранд, бо онҳо умуман муносибат доштан намехоҳанд. Ё нодуруст аст?

Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе озмоиш гузаронидем: рафтор нисбат ба гирифтори чунин беморӣ чӣ гуна аст ва оё аз дастӣ салом кардан бо ин шахс парҳез намекунанд?

Хабарнигори мо комилан солим буда, танҳо худро чунин вонамуд кард, ки дар ӯ сироят ошкор шудааст.

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.