Содир Ҷабборов 20 сентябр дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ намуд ва дар бораи таҷовузи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон гуфт. Дар сомонаи расмии СММ матни комили суханронии ӯ интишор шудааст.
Ӯ таъкид намуд, ки ғайр аз Тоҷикистон бо дигар кишварҳои ҳамсоя таъйину аломатгузории сарҳадро ба анҷом расонидааст.
Президенти Қирғизистон қисмати муҳими суханронии худро ба низои кишвараш бо Тоҷикистон сари баҳси аломатгузории сарҳад бахшид ва таъкид намуд, ки Қирғизистон оид ба амалҳои ғайриқонунии Тоҷикистон далелҳо дорад. Содир Ҷабборов Тоҷикистонро ба риоя накардани созишҳои қаблан имзошуда гунаҳкор кард ва бо иқтибос кардани зарбулмасали лотинӣ гуфт “Pacta sunt servanda”, яъне “Шартномаро бояд риоя кард”.
Ӯ ҳамчунин, зарурати идомаи музокирот бо Тоҷикистонро таъкид намуд.
“Аммо аз сабаби коҳиши эътимод ба Тоҷикистон музокирот метавонад бо иштироки иштирокчиёни байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА идома ёбад”, - изҳор дошт Содир Ҷабборов.
Президенти Қирғизистон таъкид намуд, ки “мо ҳеҷ гоҳ аввал ҳуҷум накардаем. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем аз яроқ дур бошем ва ҳеҷ гоҳ ҷониби сокинони осоиштаи беяроқ намепарронем”.
Ӯ такроран изҳор намуд, ки тамоми масоили марзӣ бояд бо музокирот ҳал карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки ин шабу рӯз дар шаҳри Ню-Йорки ИМА иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҷараён дорад ва аз Тоҷикистон дар он вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳридин иштирок ва суханронӣ мекунад.