Аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8,3% афзоиш ёфт. Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр мекунанд, ки дар афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон саҳми савдо дар соли гузашта назаррас - 2,3 банди фоизиро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ин ҷо дар бораи таъсир ба рушди иқтисоди кишвар сухан меравад, ки дар соли 2023 тибқи маълумоти расмии оморӣ, ба 8,3% баробар шудааст.
Дар маълумот зикр мешавад, ки ба ин болоравии маоши миёнаи воқеӣ, тағйирёбии тавозун дар бозори кор баъди анҷоми пандемияи коронавирус ва барқарор гардидани ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат кардааст.
“Саҳми соҳаи нақлиёт 1,8%, бахши кишовразӣ - 1,6%, саноат - 1,2% ва сохтмон - 1,0%-ро ташкил дод”, - таъкид месозанд коршиносони БАОР.
Саҳми андозҳо дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли гузашта 0,8%-ро ташкил дода, “дигар хидматрасониҳо” баръакас, ин нишондиҳандаро ба андозаи 0,4% - то 8,3% кам карданд.
Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 дар сатҳи 7,3% интизорӣ доранд.
Ин ба “тавсеъаи иқтидорҳо дар саноат (дар соҳаҳое чун металлургия, энергетика, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ) ва фаъолмандӣ дар сармоягузорӣ” нисбат дода мешавад.
Мувофиқи пешгӯии БАОР, соли 2024 Тоҷикистон байни аъзои ин ниҳоди молиявӣ ба рушди бештар баланди иқтисодӣ ноил хоҳад гардид.
Ба ин тариқ, имсол рушди иқтисоди Арманистон дар сатҳи 5,7%, Қазоқистон - 5,0%, Қирғизистон - 4,5%, Беларус - 2,0% ва Русия - 1,5% пешгӯӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2023 ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон ҳудуди 130,8 млрд сомонӣ (11,9 млрд доллар)-ро ташкил дод.
Ҳукумати Тоҷикистон аз на камтар аз 8% рушди иқтисоди ҷумҳуриро дар соли 2024 интизорӣ дорад.